COVID-19. То имрӯз ба суратҳисобҳои пешгирии паҳншавии пандемия 6,3 млн сомонӣ ва 12,3 ҳазор доллари америкоӣ ворид гардидааст
ДУШАНБЕ, 13.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ба ҳолати 12 май ба суратҳисобҳое, ки бо мақсади мутамарказонидани кумакҳои молиявии барои пешгирии паҳншавии пандемияи COVID-19 воридшаванда дар Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар Бонки миллӣ бо пули миллӣ ва бо асъори хориҷӣ, аз ҷумла бо рубли русӣ ва доллари америкоӣ кушода шуданд, 6,3 млн сомонӣ ва 12,3 ҳазор доллари америкоӣ ворид гардидааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати молияи ҷумҳурӣ.
Гуфта мешавад, ки ягон сомонӣ аз ин маблағҳо масраф нашудааст ва маблағҳои мазкур дар асоси супоришҳои Ситоди ҷумҳуриявӣ ва дархости Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат хароҷот карда мешаванд.
«Ҳисобот дар бораи истифодабарии маблағҳои болозикр дар сомонаи Вазорати молия ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ нашр карда мешавад, — омадааст дар иттилоияи манбаъ ва тазаккур дода шудааст, ки ин раванд, яъне аз рӯи таъйинот истифода шудани кумакҳои молиявӣ бо тартиби амалкунанда аз ҷониби Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди санҷиш қарор дода мешавад».
Бояд тазаккур дод, солимии ҷомеа неъмати бебаҳо буда, танҳо бо иттиҳод ва ҳамбастагӣ аз ин вабои аср метавон раҳоӣ ёфт.








Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид






