Дар Душанбе мулоқоти мутахассисони соҳаи тандурустии Тоҷикистон ва Чин баргузор гардид

Май 29, 2020 08:41

ДУШАНБЕ, 29.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. 28 май дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика» вохӯрии муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Умарзода, муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ ва як гурӯҳ мутахассисони соҳаи  тандурустии мамлакат  бо мутахассисони соҳаи тибби Ҷумҳурии Мардумии Чин  баргузор гардид.

Муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ иброз намуд, ки бо ташаббуси бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ мутахассисони соҳаи тибби Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Тоҷикистон омада, баҳри пешгирӣ ва табобати беморони сироятии коронавируси нави COVID-19 бо табибони тоҷик табодули таҷриба менамоянд.

То имрӯз мутахассисони соҳаи тибби Чин ба як зумра муассисаҳои тандурустии мамлакат рафта, роҳҳои пешгирӣ ва табобати беморони коронавируси нави COVID-19ро бо мутахассисони соҳаи тибби  ҷумҳурӣ баррасӣ намудаанд.

Ҳамзамон дар вохӯрии мазкур  роҳбарони якчанд муассисаҳои тандурустии мамлакат  ба тариқи онлайн иштирок намуданд.

Мавриди зикр аст, ки 24 майи соли равон бо ташаббуси бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ гурӯҳи калони мутахассисони соҳаи тиб – асосан вирусологҳо дар ҳайати 14 нафар аз музофоти Шенсии Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷиҳати табодули таҷриба бо табибони тоҷик дар роҳи пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавирус-COVID-19 ба шаҳри Душанбе омаданд.

Май 29, 2020 08:41

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон