Дар Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд фаъолияти маҳфилҳо фосилавӣ ба роҳ монда шуд
ХУҶАНД, 18.05.2020. /АМИТ Ховар/. Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд дар ҳамдастӣ бо Раёсати маорифи вилоят шурӯъ аз 1 май фаъолияти маҳфилҳоро ба тариқи фаъолияти фосилавӣ ба роҳ мондааст. Ҳадаф аз он самаранок истифода намудани таътили хонандагон, ҷалби кӯдакон ва наврасон ба омӯзиши касбу ҳунар, аз ҷумла дар вақти таътил дар шароити хона омӯзонидани ҳунарҳои волои мардумӣ, рушди қобилияту истеъдоди хонандагон ва инчунин ҳифзи саломатии толибилмон аз бемориҳои сироятӣ мебошад.
Роҳбари маркази мазкур Фирдавс Ашӯрматов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» дар вилояти Суғд иттилоъ дод, ки аз ҷониби роҳбарони маҳфилҳои Марказ бо истифода аз интернет тариқи шабакаҳои иҷтимоии viber, Instagram ва барномаи Googleclassroom гурӯҳ-маҳфилҳои фосилавии мухталиф, чун дӯзандагӣ, қаннодӣ, бофандагӣ, рӯзгордорӣ, сӯзанидузӣ, қолинбофӣ, рассомӣ, техникони ҷавон, авиамоделӣ, автомоделӣ, бофандагӣ, машшотагӣ, гулдӯзӣ ва омӯзиши забони русӣ ташкил карда шуда, омӯзишҳо тибқи ҷадвал ба роҳ монда шудаанд.
Омӯзишҳои фосилавӣ аз тарафи роҳбарони маҳфил тариқи видеоӣ ва барномаҳои таълимӣ омӯзонида шуда, кӯдакон супоришҳои омӯзгоронро иҷро намуда, аз устодон машваратҳои зарурӣ мегиранд.
То имрӯз беш аз 200 нафар хонандагон ба 16 гурӯҳи маҳфилҳои фосилавӣ аъзо гардидаанд. Аъзои маҳфили дӯзандагӣ дар шароити хона аз омӯзгорон тарзи омода намудани ниқобҳои ҳимоятиро омӯхта, худ ва хонаводаашонро бо онҳо таъмин карда истодаанд.
Ҳамзамон тариқи маҳфили фосилавии «Китобхони беҳтарин» ба кӯдакону наврасон ҳамарӯза хондани китобҳои бадеӣ тавсия дода шуда, инчунин бо ҳамдастии омӯзгорон чанд нафар хонандагон ба даври 2-юми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» омодагӣ дида истодааст.








Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо мақсади шиносоӣ бо дастовардҳои даврони истиқлол ва иштирок дар тантанаҳои наврӯзӣ ба Тоҷикистон ташриф овард
Эмомалӣ Раҳмон: Ҳифзи Наврӯз – ҳифзи ҳувият ва худшиносии миллати куҳанбунёду тамаддунсози тоҷик мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: Ҳамчун ворисони аслии тамаддуни ориёӣ суннатҳои наврӯзиро минбаъд низ пос дорем
КУЛОЛГАРӢ — РАМЗИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ. Анъанаи истифодаи зарфҳои кулолӣ дар Наврӯз то имрӯз боқӣ мондааст
Эмомалӣ Раҳмон: Наврӯз моро ба некиву накукорӣ даъват мекунад
ГУЛҲОИ ВАТАН ДАР ЧАКАНИ МАН. Ин мероси пурарзиши ниёгон фарҳанг ва таърихи куҳани тоҷиконро инъикос менамояд
Эмомалӣ Раҳмон: Наврӯз ба ягон дину мазҳаб пойбанд нест
Эмомалӣ Раҳмон: Наврӯз яке аз куҳантарин ва пурмазмунтарин ҷашнҳои башарият мебошад
Президенти Тоҷикистон: «Ватани азизи худро сидқан дӯст дорем, ба таърих, забон, фарҳанг ва дигар арзишҳои миллӣ арҷ гузорем»
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ НАЗМ. Дар Тоҷикистон дар ин рӯз базмҳои наврӯзии шеъру суруд баргузор мешаванд
Сарвари давлат: «Ҷанбаи умдаи ҷашни Наврӯз дасти кумак дароз кардан ба ниёзмандон ва хурсанд кардани дили ятимон аст»






