ДАР ПЕШГИРИИ ПАҲНШАВИИ COVID-19 ҲИССА МЕГУЗОРЕМ! Роҳбарияти КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва роҳбарони корхонаҳои тобеи он дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ маоши якмоҳаи худро ба суратҳисоби махсуси мубориза бо COVID-19 гузаронданд
ДУШАНБЕ, 22.05.2020. /АМИТ «Ховар»/. Роҳбарияти Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» дар якҷоягӣ бо роҳбарони корхонаҳои тобеи худ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ як моҳа маоши худро ба суратҳисоби махсуси Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузарониданд, ки дар маҷмӯъ 180,0 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Ин ташаббуси роҳбарияти КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» бо пайравӣ аз иқдоми башардӯстона ва инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардидааст.
Бо дарназардошти имкониятҳои мавҷуда КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» дар оянда низ кумакҳои беғаразонаи худро барои беҳтар гардидани вазъи эпидемиологӣ, пешгирӣ ва кам кардани хавфҳои эҳтимолӣ аз ин вабои аср дареғ надошта, сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллатро ҳамаҷониба дастгирӣ менамоянд.








Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон






