Директори минтақавии СУТ: Созмон омода аст ба Тоҷикистон мутахассисони зудамал сафарбар намояд
ДУШАНБЕ, 13.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Директори минтақавии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Аврупо Ҳанс Ҳенри Клюге иброз доштааст, ки созмон омода аст ба Тоҷикистон мутахассисони зудамал сафарбар намояд.
Ин нукта 12 май зимни суҳбати телефонии Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо директори минтақавии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Аврупо Ҳанс Ҳенри Клюге иброз гардид.
Зимни суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои пешгирӣ ва табобати гирифторони сирояти коронавируси навро дар Тоҷикистон баррасӣ намуда, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода иброз намуд, ки ҳоло Тоҷикистон баҳри пешгирӣ ва табобати гирифторони ин беморӣ тамоми чораҳои заруриро амалӣ намуда истодааст.
Директори минтақавии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Аврупо Ҳанс Ҳенри Клюге ҳамзамон пешниҳод намуд, ки бояд ташхисгоҳҳои сайёри мобилӣ ҷиҳати гузаронидани аҳолӣ аз ташхисҳои тестӣ ба роҳ монда шаванд.
Дар идомаи суҳбат Ҷамолиддин Абдуллозода ва Ҳанс Ҳенри Клюге оид ба дигар масъалаҳои соҳаи тандурустӣ мубодилаи афкор намуданд.








35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»






