ЭВРИКА! Ва ё бардошт аз ду кашфиёти тозаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар партави Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ

Май 2, 2020 14:48

ДУШАНБЕ, 02.05.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар ин рӯзҳо тамоми олам чашми умед ба табибону олимон дӯхтаанд ва ҳама интизори онанд, ки кай дорую дармони вабои асри 21 – коронавирусро пайдо мекунанд.  Табибону олимони тоҷик низ дар ин миён истисно нестанд, табибони ҳозиқу ҳабиби мо бо ин дарди шадид шабу рӯз дастбагиребонанд, олимон   дар андешаи онанд, ки чи кор кунанд, то дар ин муборизаи ҳамагонӣ саҳми сазовори худро гузоранд. Дар ин роҳ ҳатто хурдтарин кашфиёту натиҷаим ҳосилкардаи онҳо метавонад қобили таҳсин бошад.

Тавре  АМИТ «Ховар» қаблан хабар дода буд, моҳҳои март ва апрел олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳти сарварии академик Фарҳод Раҳимӣ ду кашфи тоза карданд: сараввал онҳо бо мақсади мубориза бо вирусҳо, аз ҷумла намудҳои гепатит, ВИЧ/СПИД, зукоми мавсимӣ ва, албатта, коронавирус бо пешниҳоди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истеҳсоли гипохлорити натрийи тиббӣ оғоз намуданд. Сипас,  дастгоҳҳои истеҳсоли нуқра ихтироъ карда, истеҳсоли оби нуқраро, ки хосияти зиддивирусӣ ва зиддимикробӣ дорад, ба роҳ монданд. Вале вокуниш ба ин ибтикори олимони тоҷик дар шабакаҳои иҷтимоӣ яксон набуд: баъзеҳо воқеан изҳори хушнудӣ карданд, иддае дигар изҳори нобоварӣ ва ҳатто нороҳатӣ.

Дар ин бора андешаҳои корманди масъули Маркази тадқикоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои таҳлилу баррасӣ пешниҳоди хонандагон менамоем. 

Имрӯзҳо донишмандону табибони тамоми кишварҳои олам пайи дарёфти ваксина ва давои бемории фарогирии коронавирус (Covid-19) майна об мекунанд, вале ҳанӯз то ҷое мебояд, муваффақ нашудаанд. Ва ин беморӣ ҳамоно бо суръати баланд дар саросари олам доман паҳн мекунад. Дар чунин шароит, ба назари мо,  ҳатто хурдтарин ихтироъ ва кашфи ночиз ҷиҳати пешгирии паҳншавии ин бемории марговар низ метавонад муҷиби таҳсину офарин ва нидои шодии «Эврика!» бошад.

Аз замони мактабхонӣ медонем, ки калимаи  «Э́врика!» (юнонӣ. εὕρηκα  ва ё  ηὕρηκα, яъне: «ёфтам!») бори аввал  аз забони Архимед, бузургтарин риёзидон, физик ва муҳандиси  Юнони Қадим ва шояд тамоми дунёи антиқа садо додааст. Аз забони  касе, ки дар қарни 3-юми пеш аз милод, яъне  беш аз ду ҳазор сол пеш  зиндагӣ ба сар бурдааст! Вале ин калима то имрӯз барои мо маълум аст ва вақти дарёфтани ҳалли ин ё он масъалаи душвор беихтиёр ба хотир ва ба забон меояд. Архимед дар Сиракуз, ки яке аз мустамликаҳои юнониён дар ҷазираи Ситсилия ба шумор мерафт, зиста ва дар Искандарияи Миср, яке аз марказҳои бузурги илмии он замон дониш андӯхтааст.

Бино ба шаҳодати «Донишномаи озод» (Википедиа), дар он солҳо ҷумҳурии Рим, ки хеле пурқудрат гашта буд, ба забт намудани шаҳрҳо ва кишварҳо пардохт ва ба Сиракуз расид. Ривоят мекунанд, ки  рӯзе Архимед, дар ҳоле, ки вай болои нақшаҳои ҳандасавии дар рӯи рег кашидааш хам шуда будааст,  ҷониби  як сарбози римӣ, ки мехостааст  ин нақшаҳоро вайрон кунад, фарёд задааст: «Доираҳои маро вайрон накун!». Ва сарбози истилогар ӯро бо дами шамшер ба қатл  расонидааст.

Бисёре аз кашфиётҳои Архимед то имрӯз аҳамияти худро гум накардаанд ва ҳамзамонони моро аз истеъдоди ин нобиғаи ду ҳазори дусад сол пеш зиста ба ваҷд меоранд. Аз ҷумла, ӯ формулаи ҳисоб кардани суммаи қатори беохири геометриро медонист ва муайян намуд, ки кура, силиндри дар атрофи он кашидашуда ва конус баландии якхела дошта, дорои ҳаҷмҳои бо нисбати 2:3:1 ифодашаванда  мебошанд. Ӯ аввалин шуда, масоҳати эллипсро ҳисоб кардааст, аввалин шуда ҳаҷми пароболоиди чархзананда, эллипсоид ва ҳиперболоидро ёфтааст, дар муайян сохтани қимати адади Лудолф ва ё «пи» саҳми арзанда гузоштааст. Дар илми ҳандаса бошад Архимед бори аввал мафҳумҳои «маркази вазнинӣ» ва «хатти вазн»-ро ҷорӣ намудааст. Чунин аксиомаҳоро, ки ҳоло барои ҳар як хонандаи мактаб маълуманд, ба мисли «хатти рост кӯтоҳтарин пайвасти ду нақта аст» вуа « ҳар як порчаро аз миқдори муайяни порчаҳои кутоҳтар сохтан мумкин аст», маҳз Архимед кашф кардааст, ки онҳо минбаъд дар рушди ҳандаса (геометрия – қисмате аз илми ҳисоб ё математика) нақши бориз бозидаанд.

Ва, ниҳоят, дар бораи кашфиёти машҳуртарини Архимед, яъне кашфи қонуни ҳидростатӣ («Ҳама гуна ҷисм, вақте дохили моеъ  мешавад, баробари обе, ки  мерезад, вазни худро гум мекунад»). Ба ин кашфиёт донишманди юнонӣ ба шарофати дӯстии худ бо шоҳи Сиракуз Ҳиерони II ноил гардидааст. Шоҳ мехост муаяйн созад, ки оё тоҷе, ки ба тозагӣ барояш сохта бкуданд, мутобиқи фаромоишаш воқеан ҳам аз тиллои холис иборат аст ё заргар ба он дгар металлҳои арзонбаҳоро омехтааст. Ба ҳамин хотир аз Архимед хоҳиш намуд, ки тоҷро аз тафтиш гузаронад бидуни он ки ба он осебе бирасонад. Архимед пайи ҳалли ин муаммо чанд рӯз банди андеша гардид: сохти тоҷ мураккаб  ва ба ин сабаб ҳисоб кардани ҳаҷми он аз имкон берун буд.  Рӯзе ӯ барои оббозӣ вориди ҳаммом шуд ва ба ташти пуроб (ванна) даромад ва мушоҳида кард, ки чи гуна як миқдор об аз канори ташт мешорад. Архимед дарҳол пайхас кард, ки миқдори оби шорида рафта айнан ба ҳаҷми бадани ӯ баробар аст. Ӯ аз ташт ҷаҳида бархест  ва тани бараҳна берун рафта, «Эврика, эврика!» — гӯён дар кӯчаҳои Сиракуз битохт.

Ба туфайли кашфи ин қонуни физикӣ ӯ муқаррар намуд, ки тоҷи Ҳиерон асосан аз металли оддӣ сохта шуда,  ба он як миқдори ночизи тилло танҳо рӯкаш карда шудааст. Ва заргари қаллоб ба ҷазои сахттарин – қатл маҳкум карда мешавад.

Бино ба як ривояти дигар, он сарбози римӣ, ки баъдтар худи Архимедро ба қатл мерасонад, гӯё аслан римӣ не, балки аз худи Сиракӯз ва яке аз хешовандони ҳамон заргари бадбахт будааст…

Ҳоло бармегардем ба сари ду кашфиёти тозаи олимони Академияи миллии Тоҷикистон, ки анқариб АМИТ «Ховар» дар бораашон хабар дод.

Аввалан, аз ҷониби академия сохта шудани таҷҳизоти махсус барои истеҳсоли гипохлорити натрийи табиӣ, ки қаблан ба Тоҷикистон аз хориҷи мамлакат ворид карда мешуд. Се дистиллятор ба ҳам васл карда шудаанд ва обро тоза менамоянд, сипас ба он об намак ҳамроҳ карда мешавад. Барои истеҳсоли 1 тонна гипохлорити натрий 50 килограмм намак лозим будааст… Ҳоло ин таҷҳизот дар як шабонарӯз то 4 тонна гипохлорити натрий истеҳсол мекунад, ки он барои безаҳрсозии қабати беруна, шустушӯи даст, ҳолати беҳдоштию санитарии манзилҳои истиқоматӣ, ҷойҳои корӣ ва ҷамъиятӣ истифода бурда имешавад.

Сониян, аз ҷониби академия  сохта шудани таҷҳизоти дигар ва тавассути он ба роҳ мондани истеҳсоли нанозарраҳои нуқра, ки хусусияти муҳофизаткунанда дошта,  бактерияҳо, вирусҳо, замбурӯғҳо ва дигар флораи патогенӣ ва зарароварро несту нобуд мекунад.

Албатта, ҳардуи ин ихтироъ кашфиёти нав нестанд, дар кишварҳои дигар низ дастгоҳҳои истеҳсоли гипохлорити натрий сохтаанд, ки дар бозори ҷаҳонӣ ҳоло нархашон то 20 ҳазор доллар расидааст ва тавре худи Президенти АМИ Тоҷикистон академик Фарҳод Раҳимӣ гуфтааст, хосиятҳои зиддимикробӣ, зиддибактериявӣ ва зиддивирусии оби нуқра низ аз замонҳои қадим маълум аст. Вале ҳардуи ин ихтирои хурд ҳам кашфиётанд!  Махсусан дар рӯзҳои мо, ки тамоми кишварҳои олам  барои пешгирӣ ва нест кардани коронавирус, ин вабои аср, ҷаҳду талош доранд,  кашфи як маҳлули оддӣ, як василаи кӯчак ҳам кори бузург аст.

Вале, мутаассифона, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҷои изҳори шодию  сипос ва  ифтихору қаноатмандии ҳамватанонамон  дар нисбати ин кашфиётҳои олимони тоҷик баръакс садои хандаи ихтилоҷӣ ё тамасхуромези иддае аз онҳо ба маънии  «олимони тоҷик куҷою пешгирии коронавирус куҷо!» ба гӯш расид. Шояд онҳо хабар надоранд, ки халқи тоҷик аз қадим ба илму дониш  пайванду эҳтироми хос дошт ва дар тӯли таърих нобиғаҳое ба мисли  Сино, Форобӣ, Закариёи Розӣ, Абӯрайҳони Берунӣ ва дигарон ба дунё овардааст, ки дар рушду тараққиёти ҷаҳон саҳми бузург гузоштаанд.

Барои чӣ мо дар ин робита дар оғоз аз Архимед ёдовар шудем?

Қабл аз ҳама барои он ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2020-2040-ро Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва дақиқ эълон намуданд, зеро имрӯз, дар даврони   пешрафти бесобиқа, бемайлон ва босуръати илму техника ва технологияҳои нави иттилоотию коммуникатсионӣ,  маҳз омӯзиш ва рушди ин гуна фанҳо Тоҷикистонро метавонад ба сатҳи нави тараққиёт барорад. Беваҷҳ нест, ки ба ин масъала  дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шудааст.

Бо ибтикори бевоситаи Сарвари давлат Ҳукумати мамлакат маҳз дар доираи ҳамин Стратегия ва Бистолаи эълоншуда саноатикунонии (индустрикунониӣ) босуръати иқтисодиётро ҳадафи чоруми худ қарор додааст, ки татбиқи амалии он бидуни кашфиётҳои наву муосир дар соҳаҳои техника, технология, физика, математика, геометрия, география, химия, биология, тиб ва ғайра ва истифодаи босамар аз ин кашфиётҳо ғайри имкон аст. Чуноне Пешвои миллат дар мулоқоти анъанавии худ бо  намояндагони илму маорифи кишвар  18 марти ҳамин сол иброз доштанд: «Дар ин раванд мақсад дорем, ки истифодаи технологияҳои муосирро дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ густариш дода, тафаккури техникии аҳолӣ, дар навбати аввал ҷавононро тақвият бахшем, барои пешрафти илмҳои бунёдӣ ва техникиву технологӣ фазои мусоид фароҳам оварем».

Дар омади гап, давлатҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ пешрафтаи олам, аз қабили ИМА, Британияи Кабир, Франсия, Япония, Чин, Кореяи Ҷанубӣ, Олмон ва ғайра маҳз ба  туфайли истифода аз дастовардҳои пешқадами илму техника  ба муваффақиятҳои беназир ноил    шудаанд.

Ва аз даврони Архимед то рӯзҳои мо чунин буду ҳаст. Маҳз риёзидонҳо ва физикҳои машҳур  Архимед, Нютон, Галилей, ҳисобшиносони барҷаста Декарт, Пифагор, Евклид, Ал Хоразмӣ,  ҷуғофияшиносони номвар Ҳеродот, Страбон, Марко Поло, физиологҳо Павлов, Бехтерев,  донишмандони  тиб   Сино, Ҳипократ ва Ҳален, кимёшиносон Авогадро Амедео, Дмитрий  Менделеев, биологҳо Чарлз Дарвин, Иван  Павлов ва Вилям Гарвей, геодезист Досифей,  ситорашиносони маъруф Конон Самосский, Ал Берунӣ  ва даҳҳо  нафар олимони  боистеъдоди дигар бо кашфиётҳои нодири худ сабаби пешрафтҳо дар соҳаҳои гуногуни  ҳаёти инсоният гардидаанд.

Нахустин насоси обкашро ҳам Архимед ихтироъ кардааст, ки то имрӯз сохти он дар истеҳсоли таҷҳизотҳои обкашонӣ ва обтозакунӣ дар шаҳру деҳот, аз ҷумла дар соҳаи обу корез ва системаи обёрикунии ҷаҳон истифода бурда мешавад.

Агар олими шотландӣ Александр Флеминг аввалин доруи зидди бактерияву вирусҳо (антибиотик) – пенитсиллинро  кашф намекард, миллионҳо одамон то имрӯз аз захми рӯда, маддаҳои фасоднок(абстсессҳо), бемориҳои гузаранда ва ғайра талаф меёфтанд.

Агар физики немис Вилгелм Рентген соли 1895  баногоҳ  нурҳои рентгениро намедид, ҳоло дар тибби муосир рентген вуҷуд надошт.

Агар табиби англис Вилям Харви соли 1628 системаи гардиши хунро   пайдо намекард,  имрӯз дар беморхонаҳо дараҷаи фишори хуни инсонро  муайян  сохта наметавонистанд.

Агар химики швейтсарӣ Фридрих Майшер намешуд, имрӯз табибони мо ДНК (кислотаи иборат аз молекула ва сафедаҳо, ки барои  ҳифз  ва аз насл ба насл гузаштани системаи генетикӣ хизмат мекунад)-ро муаяйн карда наметавонистанд.

Агар ҷарроҳи амрикоӣ Ҳенри Бигелоу аввалин бор барои бедардгардонӣ эфир ва хлороформро истифода намекард, ҳоло анестезияи ҳозира  набуд ва ҳама гуна ҷарроҳиҳо бидуни наркос гузаронида мешуданд.

Соатҳои механикии швейтсариро, ки дар даст мебандем, соли 723-и милодӣ ҳисобшиноси чинӣ Ай Ксинг ихтироъ кардааст. Қоғазу қаламу ранг, телефону телевизору радио… хуллас ҳама ашёву асбобе, ки дар зиндагӣ истифода мебарем, ихтирои олимон аст.

Агар соли 1664 аз қазо ба сари Иссак Нютон аз дарахт себ намеафтид ва  ин донишманди англис ба ин минвол  қонуни гравитатсиро кашф намекард, ҳоло ҳеҷ кас фаҳмида наметавонист, ки чаро ашёҳо ба замин меафтанд ва чаро сайёраҳо дар атрофи Офтоб давр мезананд.

Агар олими франсавӣ Луи Пастер соли 1860 пастеризатсияро (коркарди техникии маҳсулот ҷиҳати бартарафсозии моддаҳои зарарнок дар онҳо) кашф наменамуд, ҳоло мо ҳар рӯз аз шири оддӣ заҳролуд мешудем.

Агар Томас Сэйвери ва Ҷеймс Ватт дар замони худ муҳаррики бо буғ коркунандаро ихтироъ намекарданд, мошину паровозҳо ва умуман соҳаи саноат ба вуҷуд намеомад.

Агар олимон нахустин сипори пӯлодин (плуг)-ро ихтироъ намекарданд, техникаи  имрӯзаи шудгоркунандаро дар соҳаи кишварзӣ тасаввур карда ҳам намешуд.

Агар муҳандиси амрикоӣ Виллис Карриер соли 1902 аввалин кондитсионери барқиро намесохт, одамон дар тамузи тобистон дар хонаҳои тафсон зери обу арақ кору зпндагӣ мекарданд.

Худи барқ чӣ? Агар аввалин генератори сохтаи Майкл Фарадейи англис намешуд, неругоҳҳои барқӣ сохта намешуданд, ба ном «лампаи иличӣ» ҳам ба вуҷуд намеомад ва имрӯз сокинони сайёра дар равшании «чароғи бобоӣ» (ё пилтачароғ) ба сар мебурданд.

Агар Алберт Эйнштейн назарияи нисбиятро ба вуҷуд намеовард, умуман  илми ҷаҳонӣ то ҳадде, ки имрӯз ҳаст, инкишоф намеёфт…

Маҳз бо назардошти ҳамин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  Бистсоли омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ (яъне фанҳои астрономия, математика, физика, химия, биология, зоология, география, геометрия, геология, информатика ва  фанҳои техникӣ, аз қабили кайҳоншиносӣ, мошинсозӣ, алоқаи барқӣ, радиоэлектроника, энергетикаи ядроӣ ва ғайра)-ро эълон намуданд ва ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳури Тоҷикистон дастур доданд, ки аз рӯи фанҳои зикршуда ҳар сол озмунҳои байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳриву ноҳиявиро бо зиёд кардани ҷойҳои ифтихорӣ ва аз лиҳози молиявӣ ҳавасманд гардонидани ғолибон ба роҳ монда, дар асоси талаботи нав ва бо мақсади мутобиқ сохтан ба меъёрҳои байналмилалӣ, инчунин баланд бардоштани сифати таълим стандартҳои давлатӣ ва нақшаву барномаҳои таълимиро дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот таҷдиди назар намояд.

Мавриди зикр аст, ки Сарвари давлат аз солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ  ба рушди илму маърифат таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунанд, аввалин мулоқоташон дар соли 1993 маҳз бо аҳли илму маърифат ба вуқӯъ афтодааст ва дар мулоқоти имсолаашон низ асосан намояндагони илму маориф (маориф бо илм пайванди ногусастанӣ дорад ва бидуни илм вуҷуд дошта наметавонад!) ширкат варзиданд. Ва ин бесабаб нест. Илм муҳаррики асосии рушду тараққиёт аст.  Беҳуда Суқрот нафармудааст: «Дар дунё фақат як худо вуҷуд дорад, ки номаш  дониш аст ва танҳо як иблис мавҷуд аст, ки ҷаҳолат ном дорад».

Бинобар ин, Бистсолаи зикршуда ва дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар робита ба ин мавзуъ масъулияти на танҳо донишмандону муҳаққиқон, балки аҳли ҷомеаро бояд даҳчанд гардонанд. Донишмандон вазифадоранд, ки бо шавқу ғайрати даҳчанд аз паи таълиму тарбияи насли наврас ва омӯзишу пажӯҳиш шаванд, зеро илм дар як ҷо намеистад ва бояд ҳамеша дар ҳаракат ва рушду такомул бошад.  Вале  дигарон низ дар ин кори хайр наметавонанд дар канор бошанд. Дигарон, яъне мо ҳама – шогирдон, устодон,  мутахассисон, коршиносон, ҳуқуқшиносон, иқтисоддонҳо, адибону рӯзноманигорон, намояндагони касбу кори гуногун, хуллас кулли ҷомеа бояд аз Пешвои миллатамон  ибрат гирем ва олимонамонро бо сухани хуш ва амали хайр кӯмаку дастгирӣ намоем, барои фаъолияти пурмаҳсулашон шароиту имкониятҳои мусоид  фароҳам биоварем, бо фикру андешаи ҷолиб (идея) ба онҳо  роҳ нишон диҳем, барояшон арҷ гузорем ва дарк намоем, ки ҳар як кашфиёт, ҳатто кашфиёти хурдтарнин дар бадали  афкору мубоҳисаҳои зиёд, шабҳои бехобӣ ва кору заҳмати пурмашаққат ба даст меояд.

Ва агар донишмандони мо дар баробари кашфиёту навоварии худ  чун Архимед ба кӯчаю бозор  баромада, ба чор тараф ҷор намезананд, месазад, ки мо сипосгузорона ва ифтихормандона «Эврика!» гӯем, ба онҳо ҳамду сано хонем, онҳоро ба ихтироот ва кашфиётҳои нав ба нав ҳидоят ва рӯҳбаланд намоем. Фаромӯш насозем, ки ба олимон низ, чун ба шоирон, илҳоми эҷодӣ лозим аст.

Валиҷон ОЛИМЗОДА,
муовини сардори Раёсати
таъминоти иттилоотии
Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДАР БОРАИ МУАЛЛИФ:

 Валиҷон ОЛИМҶОН 12 сентябри соли 1994 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст.

Соли  2016 Донишгоҳи давлатии Волгоград (Россия)-ро бо ихтисоси «кори иҷтимоӣ» (бакалавр) ва соли 2018 Донишгоҳи «Дӯстии халқҳо»-и Россия (РУДН)-ро бо ихтисоси «сайёҳӣ» (магистр) ба итмом расонида, дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Аз моҳи марти соли 2020 муовини сардори Раёсати таъминоти иттилоотии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Узви ҲХДТ, забонҳои русӣ ва англисиро медонад.

Май 2, 2020 14:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон сабаби ба амал омадани тумани рӯзҳои охирро шарҳ дод
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тарбия аз оила сарчашма мегирад» муайян шуданд
Ба Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология таҷҳизоти сейсмикӣ ва озмоишӣ супорида шуд
Дар Осорхонаи миллӣ намоиши хайриявӣ баргузор гардид
Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ҳайати Ҳизби Коммунистии Чин мулоқот намуд
Мулоқоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо раиси Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Арабистони Саудӣ
Дар шаҳри Риёз ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон баррасӣ шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба пешгирии никоҳи бармаҳал ва ҷалби духтарон ба касбомӯзӣ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
Шоҳҷоизаи озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» ба Хушомад Алидодов ва «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» ба Дилдора Азимова дода шуд
Ҳунармандони шаҳри Кӯлоб дар озмуни «Ҳунарманди сол» сазовори баҳои баланд гардиданд
ТАВСИЯИ СУДМАНД. Аз сардиҳои фасли зимистон худро эҳтиёт намоед