ХАБАРИ ФАВРӢ! Дар Тоҷикистон дар як шабонарӯзи охир 90 нафар бо нишонаҳои коронавирус ба қайд гирифта шуданд

Май 9, 2020 18:31

ДУШАНБЕ, 09.05.2020. /АМИТ «Ховар»/. Ба ҳолати шоми 9 май ҳамагӣ дар муассисаҳои табобатии кишвар 4738 нафар зери назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзи охир 90 нафар бо нишонаҳои коронавирус ба қайд гирифта шуда, дар умум то имрӯз дар мамлакат 612 нафар бо ташхиси сирояти коронавирус ошкор гардидаанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

“Дар як шабонарўзи охир 552 нафар пас аз гузаронидани ташхису муоина дар ҳолати қаноатбахш аз муассисаҳои табобатӣ ба хона ҷавоб дода шудаанд”, — илова намуд манбаъ.

Бино ба иитилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар як шабонарӯзи охир 6  ҳолати фавт дар байни беморон мушоҳида гардида, дар умум 20 нафар бо нишонаи ин беморӣ дар мамлакат фавтидаанд.

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ айни замон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати навъи нави коронавируси CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал меорад, қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя ва ҳамзамон дар ҳолати пайдо гардидани нишонаҳои ин беморӣ фавран ба табиби оилавии минтақаи хеш муроҷиат намоянд.

Май 9, 2020 18:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид