МО БО ШУМОЕМ, ТАБИБОН! Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба кормандони Беморхонаи «Истиқлол» кумак расонид

Май 7, 2020 13:49

ДУШАНБЕ, 07.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  ба кормандони қисмати 5 «А»-и Беморхонаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе  кумаки молӣ, ҳамчунин беш аз 250 адад ниқоби тиббӣ, ки дар коргоҳи  дӯзандагии назди хобгоҳи №6-и донишгоҳ омода шудаанд, расонида  шуд. Раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  тасмим гирифтааст, ки чунин иқдоми хайрхоҳонаро дар дигар беморхонаҳои шаҳр низ амалӣ намояд. Дар ин бора аз Донишгоҳи мазкур  ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

«Ҳамзамон бо пайравӣ аз иқдоми инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикстон, профессор Қобилҷон  Хушвахтзода  маоши моҳонаи худро ба суратҳисоби фонди хайриявии таъсисдодаи ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба   мубориза бар зидди коронавирус гузаронд»,-афзуд манбаъ.

Май 7, 2020 13:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд