Муовинони вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Италия телефонӣ суҳбат намуданд

Май 29, 2020 16:38

ДУШАНБЕ, 29.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз суҳбати  телефонии муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода бо муовини Вазири корҳои хориҷӣ ва ҳамкории байналмилалии Ҷумҳури Италия Манлио ди Стефано баргузор гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ҷонибҳо дар мавриди раванди мубориза бо ҳамагирии СOVID-19 дар кишварҳои худ мубодилаи афкор намуда, ҳамзамон дурнамои ҳамкории дуҷонибаи ду давлатро дар ин самт муҳокима карданд.

Зимни суҳбат сатҳи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Италия дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ, инчунин нақшаи чорабиниҳои муштарак дар соли ҷорӣ дар сатҳи дуҷониба ва байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин робита, аҳамияти баргузории чорабиниҳои банақшагирифташудаи дуҷониба, аз ҷумла вохӯриҳо дар сатҳи олӣ ва бизнес-форум бо иштироки намояндагони ширкатҳои пешрафта ва доираҳои тиҷоратии ду давлат баъди ба эътидол омадани вазъи ҷаҳонӣ вобаста ба ҳамагирӣ таъкид гардид.

Муовинони вазирон инчунин масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон ва Италияро дар чаҳорчӯби Иттиҳоди Аврупо ва дигар ниҳодҳои байналмилалӣ баррасӣ карданд.

Май 29, 2020 16:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд
Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд
Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид