ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон меборад

Май 16, 2020 09:03

ДУШАНБЕ, 16.05.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда шуда, борон меборад.  Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда,  дар ноҳияҳои ғарбии вилоят борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар ноҳияҳои шарқии вилоят бориши сустb борон ва барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона 4+9 ва рӯзона 16+21 дараҷа гарм  мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона 9+14 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд   тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон меборад. Раъду барқ ба амал меояд. Шамол  аз самти  ғарб бо суръати 3-8 метр дар як  сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 11+16 ва рӯзона 20+25 дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 0+5  ва рӯзона 9+14 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати  3-8 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 10-15  метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 11+16 ва рӯзона 23+28 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 6+11 ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда пешбинӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони сел меборад. Дар баландиҳои зиёда аз 3000 метр барф пешбинӣ шудааст.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 11+16 ва рӯзона 18+23  дараҷа гарм мешавад.  Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 2+7 ва  рӯзона 10+15  дараҷа гарм  мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво  тағйирёбанда шуда,  дар баъзе ҳолатҳо борон ва раъду барқ ба амал меояд.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8  метр дар як сония   мевазад. Ҳаво шабона 11+13 ва  рӯзона 20+22 дараҷа гарм мешавад.

Май 16, 2020 09:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд