ПАЙРАВӢ БА ТАШАББУСИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ин лаҳзаҳои ҳассос на танҳо кору пайкори табибон – қаҳрамонони рӯзҳои мо, балки талоши ҳар як шахси бо нангу номуси диёр шоистаи таҳсин аст

Май 8, 2020 08:58

ДУШАНБЕ, 08.05.2020. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ дода будем, 1 майи соли 2020 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дар муддати се моҳ ҷиҳати пардохти иловапулӣ дар ҳаҷми як маоши вазифавӣ ҳармоҳа ба музди меҳнати амалкунандаи кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ки бевосита дар раванди ташхис ва табобати сирояти COVID-19 дар муассисаҳои табобатӣ ва таҳти карантин қарордодашуда иштирок менамоянд, аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 12,4 миллион сомонӣ (дувоздаҳ миллиону чорсад ҳазор сомонӣ) маблағ ҷудо намуданд.

Илова бар ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маоши вазифавии якмоҳаи худро ба суратҳисоби махсус, ки барои маблағгузории чорабиниҳои пешгирӣ ва мубориза бо пандемияи COVID-19 кушода шудааст, гузарониданд.

Иқдоми навбатии Пешвои миллат, ки барои таъмини кафолати иҷтимоии кормандони соҳаи тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, пешгирӣ ва табобати беморӣ равона шудааст, аз ҷониби тамоми қишри ҷомеа дастгирӣ ёфт. Дар пайи ин иқдом раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, вазорату идораҳо низ маоши якмоҳаашонро ба суратҳисоби махсус интиқол медиҳанд. Аз ҷумла, раисони вилоятҳои Суғд Раҷабой Аҳмадзода, Хатлон Қурбон Ҳакимзода, ВМКБ Ёдгор Файзов ва раисону муовини шаҳру навоҳии мамлакат маоши якмоҳаи худро ҷиҳати мубориза бар зидди ин вабо ҳамчун кумак ба ин суратҳисоб интиқол доданд. Инчунин бо дастури раисони вилоятҳо бо мақсади тақвияти корҳои пешгирикунанда ва мубориза бар зидди вируси нави COVID-19, дастгирии кормандони соҳаи тиб, ки дар ин шабу рӯз ҷиҳати ҳифзи саломатии аҳолӣ заҳмат мекашанд, барои духтурон кумакпулӣ дода шуданд.Муовини раиси шаҳри Исфара, раиси Шӯрои занони Исфара Мадина Бобоиён низ ташаббуси хайрандешонаи Пешвои миллатро амалан ҷонибдорӣ намуд. Дар пайгирӣ аз иқдоми Раиси шаҳри Исфара Акрам Сулаймонзода маоши вазифавии якмоҳаи худ (2800 сомони)-ро ба суратҳисоби махсус гузаронид.

Соҳибкорону шахсони саховатманди бо нангу номуси диёр низ ба ин иқдоми эҳсонкорона пайравӣ карда, барои пешгирии бемории сироятии COVID-19 маблағҳои пулӣ, маводи доруворӣ ва маводи ғизоӣ кумак карданд.

Яке аз аввалинҳо шуда, соҳибкори маъруфи Тоҷикистон Акбар Ғуломов барои мубориза бо коронавирус 500 ҳазор сомонӣ ҷудо кард. Роҳбари калонтарин корхонаи саноатии Тоҷикистон «Талко» Шералӣ Кабиров низ илова ба маоши якмоҳааш барои мубориза бо ин вабо 600 ҳазор сомонӣ ҷудо намуд.

Соҳибкорони саховатпешаю эҳсонкори бурунмарзии зодаи Исфара ба хотири ҳифзи сиҳатӣ ва офияти мардуми худ аз бемории хатарнок ба муборизаи дастҷамъона ҳамроҳ шуда, барои ҳалли саривақтӣ бахшидани муаммою мушкилоти мавҷуда камари ҷавонмардӣ бастаанд. Ин соҳибкорони саховатпешаю эҳсонкори бурунмарзӣ 100 дона либосҳои махсуси ҳимоявӣ ба маблағи умумии 45 ҳазор сомонӣ ба Беморхонаи марказии шаҳр тақдим карданд. Рӯзҳои наздик боз миқдори муайяни доруҳои зиддивирусӣ аз ҷониби ҷавонмардони хайрандешу накӯкори диёр дастраси муассисаҳои тандурустӣ мегардад.Бародарони олиҳиммату эҳсонкор Исроилҷон ва Нарзуллоҷон Улмасовҳо ва соҳибкори накӯкор Абдуҷалил Савриддинов дар ин рӯзҳои моҳи шарифи Рамазон ба зиёда аз 5000 нафар сокинони камбизоату эҳтиёҷманди шаҳру деҳот бо маводи ғизоӣ кумак расониданд.

Роҳбарият ва ҳайати устодони муассисаҳои олии мамлакат низ бо пайравӣ аз ташаббуси Пешвои миллат ба оилаи табибоне, ки шабонарӯзӣ ба хотири беҳдошти солимии ҷомеа дар беморхонаҳои шаҳри Душанбе заҳмат мекашанд, кумакҳои моддию молии худрорасонида истодаанд.  Аз ҷумла, ҳайати роҳбарият ва кормандони Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат ба 150 оилаи табибонкумаки моддӣ расониданд. Ректори Донишкада Убайдулло Асрорзода илова ба музди меҳнати якмоҳа аз маблағҳои донишкада 20 ҳазор сомонӣ барои чорабиниҳои пешгирӣ ҷудо намуд.

Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қобилҷон Хушватзода илова ба маоши яквақтинаи худ, инчунин аз ҳисоби маблағҳои донишгоҳ ба беморхонаҳои пойтахт кумакҳои яквақтина расонид.

Ноиби президенти Федератсияи Футболи Тоҷикистон Дилшод Ҷӯраев 50 ҳазор сомонӣ ба фонди мубориза зидди (COVID-19) интиқол дод.

Вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Дилшод Саидзода ба 160 оила дар ноҳияи Шоҳмансур 2000 ниқоби муҳофизатӣ ва 2000 дона маводи антисептикӣ кумак кард.

Сардори Раёсати мубориза бар зиди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодӣ Ҳафиззода маоши яквақтинаи ҳайати роҳбарикунандаи раёсатро ба хазинаи пешгирӣ гузаронид.

Директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулҳаким Холзода бо аҳли кормандонаш барои пешгирии ин бемории сироятӣ аз ҳисоби музди меҳнат ва имконоти мавҷуда 18 ҳазор сомонӣ ҷудо намуданд.

Дар ин лаҳзаҳои ҳассосе, ки бемории сироятии коронавируси COVID — 19 мардуми мамлакатро ба ташвиш овардааст, на танҳо кору пайкори табибон – қаҳрамонони замон, балкиталоши ҳар як шахси бо нангу номуси диёр шоистаи таҳсин аст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбошии худ ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон 23 апрели соли равон дар баробари ба ҷо овардани тоату ибодат ва зоҳир намудани меҳрубониву самимият иҷрои амалҳои солеҳ, аз қабили хайру эҳсонро аз ҷумлаи беҳтарин фазилатҳои инсониву имонӣ таъкид намуданд. «Шахсони парҳезгору хайрхоҳ дар моҳи шарифи Рамазон корҳои савобро бештар анҷом медиҳанд, ба ятимону маъюбон, камбизоатону дармондагон ва муҳтоҷону мусофирон дасти кумаку ёрмандӣ дароз мекунанд… Паёмбари ислом дар хутбаи худ ба муносибати оғози моҳи шарифи Рамазон аз шахсони сарватманду доро даъват кардааст: “Ба фақирон ва дармондагон кумаку ёрӣ расонед, ба ятимони бепарастор меҳрубониву ғамхорӣ кунед ва умед дошта бошед, ки баъди сари шумо дигарон низ ба ятимони шумо меҳрубонӣ намоянд», -зикр карданд Пешвои миллат.

Дар идома Пешвои миллат аз фармудаҳои Расули Худо мисол оварданд: «Расули Худо дар идомаи хутба мефармояд: «Ба ниёзмандон садақа диҳед». Дар ҷавоб баъзе аз асҳоби Паёмбар пурсиданд: «Ҳамаи мо қодир ба додани садақа нестем». Паёмбар дар посух фармуд: «Бигзор садақаи шумо ба андозаи нисфи донаи хурмо ва як ҷуръа об бошад». Тавре ки мебинем, ин ҳадиси муборак ҷавҳари баланди ахлоқиву иҷтимоӣ дорад. Зеро дар он шахсони ниёзманд махсус зикр шудаанд.

Яъне садақот дар ҳама гуна шакл махсуси табақаҳои ниёзманд мебошад ва бояд ба онҳо дода шавад. Дар сураи “Тавба”-и Қуръони маҷид низ омадааст: — «Ҷуз ин нест, ки садақаҳо барои фақирон ва бенавоён ва … онон, ки дилҳояшон улфат дода мешавад ва … барои вомдорон ва … барои мусофирон аст; (ва он) ҳукми собитшуда аз назди Худо аст. Ва Худо донои дурусткор аст».

Аз ин ояти карима барои мо комилан равшан мешавад, ки тамоми намуди хайру эҳсон ва дастгириву кумак бояд мувофиқи таъиноти диниву иҷтимоӣ сарф карда шаванд, яъне ба ниёзмандон дода шаванд».

Имрӯз мо пешорӯи имтиҳони ҷиддие қарор дорем, ки танҳо ҳамбастагӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, роҳ надодан ба ваҳм, тарсу ҳарос ва риояи қатъии тавсияҳои духтурон имкон медиҳад, ки аз болои ин вируси аср дастболо гардем.

Мо итминони комил дорем, ки бо сарҷамъию муттаҳидӣ, саъю талоши якҷоя ва албатта, бо кумаку дастгирии ҷомеаи меҳнатӣ, бо саъю кӯшиши муштараки сокинону соҳибкорони бонангу номуси шаҳру деҳотамон ин мушкилотро паси сар мекунем, аз ин вабои аср раҳоӣ меёбем ва ба рӯзгори орому осоиштаи худ идома мебахшем, ватани азизамон-Тоҷикистонро боз ҳам ободу зеботар мегардонем.

Мавҷуда АНВАРӢ,
АМИТ «Ховар»

P.S.  Ҳайати роҳбарият ва кормандони АМИТ «Ховар» низ қисме аз маоши худро ба андозаи 15000 сомонӣ ба суратҳисоби махсус, ки барои маблағгузории чорабиниҳои пешгирӣ ва мубориза бо пандемияи COVID-19 кушода шудааст, интиқол медиҳанд.

Май 8, 2020 08:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода