ПОККОРӢ – ВОСИТАИ БЕҲТАРИН ЗИДДИ КОРОНАВИРУС. Дар Тоҷикистон муассисаҳо таҳти низоми нав фаъолият мекунанд

Май 12, 2020 14:10

ДУШАНБЕ, 12.05.2020 /АМИТ«Ховар»/. Дар шаҳрҳою минтақаҳо ва ҳатто дар деҳаҳои дурдасти Тоҷикистон ҳафтаи дуюм аст, ки корҳои тамизкунӣ бар зидди коронавирус гузаронида мешаванд.

Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳама муассисаҳо таҳти низоми нав кор мекунанд.

Корҳои тамизгардониро дар Вазорати мазкур воситаи муассири мубориза бо коронавирус ном бурданд. «Илова ба усули қатрагии ҳавоӣ, ин вирус инчунин тавассути робита мегузарад, ки зуд-зуд рух медиҳад. Агар дар ҳаво вирус чандон зиёд намонад ҳам, дар болои ашёи гуногун он метавонад муддати тӯлонӣ, то 3 ва ё ҳатто чанд рӯз зинда монад. Аз ин рӯ, ҳама ҷойҳои серодам бояд пайваста бо маводи махсуси безараргардонӣ коркард карда шаванд», — гуфтанд дар Вазорат.

Вазорат ба шаҳрвандон маслиҳат додааст, ки бештар хонаҳоро поку озода нигоҳ дошта, ҳавои онҳоро тоза нигоҳ доранд. Инчунин истифодаи маҳлулҳои хлордор ва спиртдорро низ тавсия додааст.

Ҳамин тавр, ҳамарӯза гурӯҳҳои сайёри Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирии паҳншавии сирояти коронавирус дар самти безараргардонии кӯчаҳо, муассисаҳои идоравӣ, хиёбонҳо ва ҷойҳои серодам бо маҳлулҳои гипохлориди натрий ва калсий кор мебаранд.

Дирӯз беш аз 5 тонна маҳлули гипохлорит барои тамизгардонии бозорҳои маҳалла ва истгоҳҳои нақлиёти ҷамъиятӣ истифода шуд. Илова бар ин, дар байни аҳолӣ оид ба риояи чораҳо оид ба муҳофизат аз сирояти коронавирус корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда мешаванд.

Қисмҳои махсуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Точикистон низ корҳои безараргардонӣ анҷом медиҳанд.

Имрӯзҳо дар Тоҷикистон пӯшидани ниқобҳои тиббӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ сахт назорат карда мешавад, ба муассисаҳою идораҳо бидуни ниқоб ва пок кардани дасти худ бо маҳлули антисептикӣ даромадан мумкин нест.

Ҳама мағозаҳои калони хӯрокворӣ инчунин барои риояи меъёрҳои санитарӣ-эпидемиологӣ ва безараргардонӣ тадбир меандешанд.

Дар даромадгоҳи мағозаҳо ҳарорати шаҳрвандон чен карда шуда, дастҳо бо маҳлули антисептикӣ пок карда мешаванд. Кассаҳо бо шишаи муҳофизатӣ маҳкам карда шудаанд ва риояи масофаи байни одамонро дар роҳ аз ҷониби кормандони мағоза назорат мекунанд.

Май 12, 2020 14:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон