Соҳибмулкони бозори «Ҳоҷӣ Шариф» ва хонаводаи Соҳибовҳо ба 465 оилаи табибони вилояти Хатлон кумак расонданд

Май 13, 2020 09:18

ДУШАНБЕ, 13.05.2020. /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби соҳибмулкони бозори  калонтарини шаҳри Бохтар – «Ҳоҷӣ Шариф» ва хонаводаи соҳибкорон Соҳибовҳо маводи озуқа, аз ҷумла орду равғану биринҷ ва ғайра, ба 130 оилаи табибон дар Кӯлоб, 185 табиби Беморхонаи вилоятии клиникии ба номи Бурӣ Воҳидов, 60 оила дар Данғара, 60 хонавода дар ноҳияи Кӯшониён, 30 оила дар ноҳияи Вахш дастрас гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба роҳбарияти бозори «Ҳоҷӣ Шариф» барои расонидани кумак ба 465 оилаи табибони вилоят изҳори миннатдорӣ намуд.

Май 13, 2020 09:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд