СOVID-19. Абдуҷаббор Раҳмонзода бо ҷараёни корҳои безараргардонии ҷойҳои ҷамъиятӣ аз ҷониби КҲФ ва МГ шинос шуд
ДУШАНБЕ, 05.05.2020 /НИАТ «Ховар»/. Бо мақсади пешгирии паҳншавии сирояти коронавирус дар Тоҷикистон гузаронидани корҳои миқёсӣ оид ба безараргардонии ҷойҳои серодам, аз ҷумла нақлиёти ҷамъиятӣ, истгоҳҳо ва корхонаҳои тиҷоратӣ идома дорад.
Тавре маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, 4 ва 5 май тибқи Нақшаи тасдиқшудаи чорабиниҳо оид ба пешгирии сирояти коронавирус, КҲФ ва МГ дар кӯчаҳои маҳаллаи Ховарони шаҳри Душанбе корҳои фаҳмондадиҳӣ ва безараргардонӣ анҷом дод.
“Дар кор 35 корманд ширкат варзиданд ва мошинҳои махсуси безараргардонӣ ҷалб карда шуданд. Аз 896 хонавода дар 693 корҳои безараргардонӣ гузаронида шуд, ки тақрибан 70% кӯчаҳои маҳалла мебошад. Инчунин, кормандони КҲФ буклетҳо ва брошюраҳо паҳн карданд», — гуфт манбаъ.
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода ва раиси ноҳияи Шоҳмансур Билол Иброҳим бо ҷараёни корҳо шинос шуданд.
Бояд тазаккур дод, ки айни замон кормандони Кумита дар 203 хонавода корҳои фаҳмондадиҳиро идома медиҳад.








Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд






