ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 май, душанбе, 139-умин рӯзи соли 2020 аст

Май 18, 2020 08:00

18 майи соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо Вазири давлатии корҳои хориҷии Мамлакати Арабистони Саудӣ доктор Низор Маданӣ масоили ҳамкории гуногунҷанбаи ду давлатро баррасӣ намуданд.

***

8 сол пеш, 18 майи соли  2012 Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Намояндаи вижаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъни инсон ва ҷазои бераҳмона Хуан Мендесро ба ҳузур пазируфтанд.

***

Дар ин рӯзи соли 2015 роҳҳои густариши минбаъдаи ҳамкории судбахши Тоҷикистон бо Бонки давлатии рушди Чин баррасӣ шуд.

18 МАЙ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

 Рӯзи умумиҷаҳонии осорхонаҳо.

***

Дар Гаити рӯзи парчам.

РӮЙДОДҲО:

18 майи соли 2013 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Форуми дуввуми об барои кишварҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором дар мавзӯи «Амнияти вобаста ба об ва таҳдидҳои офатҳои табиии марбут бо об» аз пойтахти Шоҳигарии Таиланд- шаҳри Бангкок ба шаҳри Чиангмай омаданд.

***

18 майи соли 2001 дар шаҳри Токио семинар бахшида ба робитаҳои тиҷоратӣ-сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Япония  доир гашт.

***

10 сол пеш, 18 майи соли 2010 шаҳри Душанбе аз ҷониби ISESCO ҳамчун пойтахти тамаддуни исломӣ муаррифӣ гардид.

***

18 майи соли 2010 дар шаҳри Душанбе Иҷлосияи 37-уми Шўрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони конфронси исломӣ баргузор шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2015 миёни Тоҷикистон ва Германия оид ба ҷалби сармояи хориҷӣ барои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории бахши хусусӣ ёддошти тафоҳум ба имзо расид.

***

18 майи соли 2016 дар доираи сафари кории худ ба Шоҳигарии Таиланд Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар шаҳри Бангкок дар кори Иҷлосияи  72-юми Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид  барои кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором иштирок кард.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1974 Ҳиндустон ҳамчун 6-умин давлате, ки дорои бомбаи ҳастаӣ мебошад, шинохта шуд.

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад

 

 

Май 18, 2020 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 апрел, ҷумъа, 117-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 апрел, панҷшанбе, 116-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 апрел, чоршанбе, 115-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 апрел, душанбе, 113-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 апрел, якшанбе, 112-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 апрел, шанбе, 111- умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 апрел, ҷумъа, 110- умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 апрел, панҷшанбе, 109-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 апрел, чоршанбе, 108-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 апрел, сешанбе, 107-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 апрел, душанбе, 105-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 апрел, якшанбе, 105-умин рӯзи соли 2024 аст