ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 31 май, якшанбе, 152-юмин рӯзи соли 2020 аст

Май 31, 2020 08:00

31 майи соли 2012 дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Дабири кулли СММ, Мудири иҷроияи Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ Юрий Федотовро ба ҳузур пазируфтанд. Зимни мулоқот масъалаҳои ҳамгироии дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати Созмони Милали Муттаҳид дар самти мубориза бар зидди қочоқи маводи мухаддир ва дигар таҳдиду хатарҳои муосири олам баррасӣ гардиданд.

***

Ду сол пеш, 31 майи соли 2017 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба таркиши маргталабона дар шаҳри Кобул, ки боиси ба ҳалокат расидан ва ҷароҳати вазнин бардоштани теъдоди зиёди мардуми осоишта дар моҳи шарифи Рамазон гардид, ба Раиси ҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ барқияи таслият ирсол намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2018 Созмони Умиҷаҳонии  Тандурустӣ (СУТ) Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро яке аз барандагони Ҷоиза барои саҳмгузорӣ дар роҳи мубориза бо тамоку эълон кард.

31 МАЙ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

 Рӯзи байналмилалии бидуни сигор.

***

Рӯзи байналмилалии мубориза бо нобаробарӣ.

***

Дар Россия – Рӯзи адвокатура.

 РӮЙДОДҲО:

31 майи соли 1960 корхонаи трансформаторбарории шаҳри  Бохтар (собиқ Қӯрғонтеппа) ба истифода дода шуд.

***

31 майи соли 2012 палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати аз Кодекси чиноятӣ ба Кодекси  гражданӣ гузаронидани моддаҳои 135 (тӯҳмат) ва 136 (таҳқир)   якдилона қабул намуданд.

***

6 сол пеш аз ин, 31 майи соли 2013 дар шаҳри Душанбе маросими расмии ба табъ расидани маҷаллаи чинии «Пули қора» баргузор гардид. Ин аввалин маҷаллаи махсуси Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошад, ки бо забони тоҷикӣ нашр мешавад. Дар маҷалла дар бораи Тоҷикистон ва Чин, инчунин ҳамкории байнидавлатии ин ду кишвар маълумот дода мешавад.

***

31 майи соли 2016 зимни маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои Ҳукумат лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои пардохт ва низоми пардохт»-ро маъқул дониста, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуданд.

***

 31 майи соли 1911 киштии мусофирбари «Титаник» бо зиёда аз 2200 нафар мусофир ба  роҳ баромад, ки  270 метр дарозӣ, 30 метр паҳноӣ дошта,  вазнаш 46 ҳазор тоннаро ташкил медод.

***

Дар ин рӯзи соли 1850 дар Франсия ҳуқуқи интихобкунии оммавӣ бекор карда шуд.

***

31 майи соли 1961 Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ аз Британияи Кабир истиқлолият ба даст овард.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1859 соати Биг-Бен дар манораи машҳури Лондон насб гардида, аввалин маротиба ба кор дароварда шуд.

***

Соли 1879 дар Германия аввалин маротиба дар ҷаҳон роҳи оҳани барқӣ ба истифода дода шуд.

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад

Май 31, 2020 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш