Вазирони тандурустии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мубориза бар зидди бемории сироятии COVID-19-ро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 09.05.2020 /НИАТ «Ховар»/. Дирӯз Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо Вазири тандурустии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Алишер Шадманов суҳбати телефонӣ анҷом дод, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матуботи вазорати тандурустии ҷумҳурӣ.
Дар оғози суҳбат Ҷамолиддин Абдуллозода аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои фиристодани мутахассисони соҳаи тандурустӣ ва кумакҳои башардӯстона бо мақсади пешгирӣ ва табобати гирифторони бемории намуди нави коронавирус COVID-19 изҳори миннатдорӣ баён намуд.
Зимни суҳбат таҷрибаи табибони Ӯзбекистон ҷиҳати табобати беморони гирифтори COVID-19 мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Зикр гардид, ки ҳадаф аз фиристодани табибони баландихтисоси ӯзбекистонӣ ба Тоҷикистон мусоидат намудан ба ҳамтоёни тоҷик ҷиҳати табобати гирифторони COVID-19 мебошад.
Дар анҷоми суҳбат ҷонибҳо барои боз ҳам густариш додани ҳамкорӣ дар самтҳои гуногуни соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла мубориза бар зидди бемории сироятии COVID-19, ки имрӯз саросари оламро фаро гирифтааст, омодагии хешро иброз намуданд.
Ёдовар мешавем, ки дирӯз Ҷумҳурии Ӯзбекистон 8 нафар мутахассисони соҳаи тандурустии худро ба сифати вирусолог барои ташхису табобати COVID-19 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристод.
Ҳамчунин, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташхису табобати бемории сирояти коронавирус кумаки башардӯстона расонида шуд.
АКС аз маркази матуботи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ








ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст






