ВАЗОРАТИ ТАНДУРУСТӢ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛӢ: вазъият дар робита ба COVID-19 таҳти назорат аст

Май 12, 2020 11:32

ДУШАНБЕ, 12.05.2020  /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъиятро дар робита ба коронавируси COVID-19 назоратшаванда арзёбӣ намуданд. Ҳамаи ситодҳо оид ба пешгирии коронавирус дар тамоми сутӯҳ мунтазам ва самарабахш фаъолият доранд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар  Вазорати мазкур.

«Аз ҷониби Ҳукумат ва вазорат тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида шуданд ва  минбаъд низ андешида хоҳанд шуд.  Мисли баъзе кишварҳо дар мамлакат норасоии ниқобҳои тиббӣ ва маводи антисептикӣ  вуҷуд надорад.  Ҳоло ҳамаи ин лавозимоти муҳофизатӣ асосан дар ҷумҳурӣ истеҳсол мешаванд. Ба ҳамаи беморон ёрии тиббии зарурӣ расонида мешавад, нархи доруҳо танзим карда шуда, корҳои фаҳмондадиҳӣ ва дезинфексия ба таври густурда роҳандозӣ шудаанд», — илова намуданд дар Вазорат.

Тавре зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» сармутахассиси ғайрибастии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳифзи солимии модару кӯдак Шералӣ Раҳматуллоев иброз дошт, 90% беморон метавонанд бидуни  истеъмоли дору аз коронавирус шифо ёбанд, қисми зиёди одамон онро дар шакли зукоми мавсимӣ ё ОРВИ мегузаронанд.

Бино ба зикри ӯ, имрӯз миёни аҳолӣ ваҳму  таҳлука мушоҳида намешавад, одамон бо риоя намудани тавсияи табибон зиндагиро идома медиҳанд. «Мардум аллакай хатари паҳншавии коронавирусро дарк кардаанд ва бештари онҳо ниқоб мепӯшанд. Албатта, бо вуҷуди ҳама чораҳои пешгирикунанда, мутаассифона, ҳоло ҳам шаҳрвандони алоҳидае ҳастанд, ки меъёрҳо ва қоидаҳои гигиенаро эътироф накардаанд ва корҳои фаҳмондадиҳӣ нисбат ба чунин ашхос идома меёбад. Мардум бояд дарк кунанд, ки агар меъёрҳои санитарӣ ба инобат гирифта нашаванд, беморӣ ба суръат паҳн гашта, аз таҳти  назорат мебарояд», — гуфт мутахассис.

Шералӣ Раҳматуллоев изҳори умед намуд, ки дар Тоҷикистон чун дар дигар кишварҳо вазъияти душвор ба амал нахоҳад омад, зеро бо вуҷуди он ки баъзе расонаҳо ҳангома месозанд, ҳама корҳо сари вақт анҷом дода мешаванд. Ёдовар мешавем, ки аз эълони расмии нахустин ҳодисаҳои сирояти шаҳрвандон аз коронавирус дар Тоҷикистон 12 рӯз сипарӣ гашт. То 11 май дар ҷумҳурӣ 661 ҳодисаи сироятёбӣ аз коронавирус ба қайд гирифта шуданд. Шумораи беморон ҳамарӯза меафзояд ва ҳолатҳои фавт низ вуҷуд доранд.

Май 12, 2020 11:32

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон