БОЗ ЯК ХУШХАБАР! Имрӯз бо дастгирии Пешвои миллат 3 нафар аз оилаҳои ятим ва имконияташон маҳдуд бо хонаҳои истиқоматӣ таъмин карда шуданд
ДУШАНБЕ, 08.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо дастгирии Президенти мамлакат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббуси соҳибкор, узви ҲХДТ ва Маҷлиси вакилони шаҳри Душанбе Маҳмудҷон Муродов ба 3 нафар аз оилаҳои ятим ва дорои маъюбият, аз ҷумла Раъно Раҳимова, Фотима Убайдова ва Зебуниссо Акрам дар бинои навсохти замонавӣ дар кӯчаи Айнӣ 50/51-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе хонаҳои барҳаво ва дорои тамоми шароити муосир тақдим карда шуданд.
Зимни супордани хонаҳо соҳибкор Маҳмудҷон Муродов зикр намуд, ки имрӯз нафарони камбизоат, бесарпараст ва маъюб танҳо нестанд ва онҳо зери сиёсати инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд.
Тавре зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода иброз дошт, иқдоми мазкур дар доираи Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки солҳои 2020-2025-ро дарбар мегирад, роҳандозӣ шудааст. Амали соҳибкор Маҳмудҷон Муродов боиси таҳсин ва дастгирӣ мебошад.
«Пешвои миллат бахшида ба фарорасии моҳи шарифи Рамазон сухан карда, иброз намуданд, ки соҳибкорони муваффақе, ки дар кишвар ба бунёдкориву созандагӣ машғуланд ва имкониятҳои хуби молиявӣ доранд, ба табақаи ниёзманди аҳолӣ дасти ёрӣ дароз намоянд»,- гуфт Иброҳим Мирзозода.
Зулфиқор Гулаҳмадзода, Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур иброз дошт, ки имрӯз соҳибкорони муваффақи пойтахт дар партави дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ фаъолияти созандагию ободкориро дар шароити муосир рӯи кор гирифтаанд ва дар ин замина саҳми худро дар пешрафти кишварамон мегузоранд.
Раъно Раҳимова модари 4 фарзанд аст, ки 3 нафари онҳо маъюб мебошанд. Ӯ бо ашки шодӣ миннатдории худро чунин баён намуд: «Солҳои зиёд ман бо фарзандони маъюбам бесарпаноҳ будем ва имрӯз бо дасгириҳои Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва соҳибкор Маҳмудҷон Муродов соҳиби хонаи худ шудем».



















АНДАР ШИНОХТИ НАВРӮЗ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар бораи аҳамияти ин ҷашни бостонӣ
Эмомалӣ Раҳмон: «Соҳиби илму маърифат будан яке аз фазилатҳои бузурги инсонӣ аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Иди Фитр, ҷашни Наврӯз ва дигар ойинҳои милливу эътиқодӣ маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ эҳё гардиданд»
«ҶАМЪИЯТИ СОЛИМ». Дар Федератсияи Русия форуми соҳаи тандурустӣ доир шуд
НАВРӮЗ — ТАРОНАИ ОҒОЗИ СОЛ. Ойину суннатҳои наврӯзӣ ҳамсони ин ҷашн таърихи куҳан доранд
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст
Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад






