Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳолатҳои фавт дар Тоҷикистон нисбат ба нишондиҳандаҳои ҷаҳонӣ аз бемориҳои илтиҳоби шуш 0,2 фоиз кам мебошанд»

Май 20, 2020 16:27

ДУШАНБЕ, 20.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо роҳбарону кормандони соҳаи тандурустии мамлакат бо такя ба таҳлилҳо зикр намуданд, ки ҳолатҳои фавт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба нишондиҳандаҳои ҷаҳонӣ аз бемориҳои илтиҳоби шуш 0,2 фоиз, сил 10,2, саратон қариб 37 ва вируси норасоии масунияти одам 17,4 фоиз кам мебошанд.

Тавре Сарвари давлат ишора намуданд, таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон дод, ки то ҳол ба ҷуз аз риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, яъне гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятӣ дигар роҳи самараноки пешгирӣ кардани паҳншавии ин вирус вуҷуд надорад.

Пешвои миллат ҳамчунин тазаккур доданд, ки аз рӯзҳои аввали пайдоиши пандемияи коронавирус ва илтиҳоби шуш дар Тоҷикистон тадбирҳои саривақтӣ ба роҳ монда шуда, бо роҳбарии Сарвазири мамлакат Ситоди ҷумҳуриявӣ таъсис гардид.

«Инчунин, ҷиҳати расонидани кумаку дастгирӣ ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ҳаҷми 29 миллион сомонӣ маблағҳои зарурии иловагӣ ҷудо гардида, кори ситод зери назорати шахсии Роҳбари давлат қарор дода шуд, — таъкид намуданд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва илова карданд, ки тавассути бастани марзҳо, манъи парвозҳои байналмилалӣ ва карантин намудани мусофирони аз берун воридшаванда мо тавонистем муддате пеши роҳи паҳншавии босуръати вирусро нигоҳ дорем».

Ғайр аз ин, ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дастур дода шуд, ки фаъолияти бонизоми беморхонаҳо, дармонгоҳҳо, марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббиро ба роҳ монда, ҷиҳати таъмини онҳо бо доруворӣ, таҷҳизоти замонавӣ ва маводи ғизоӣ тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ намояд.

Иттилоъ дода шуд, ки барои ҳалли масъалаҳои бетаъхир маблағҳои аввалин аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва Фонди захиравии Президенти мамлакат ҷудо карда шуданд, ки то ба имрӯз барои харидории таҷҳизоту ашёи зарурии тиббӣ ва доруворӣ сарф шуда истодаанд ва истифодаи онҳо таҳти назорат қарор дорад.

Илова бар ин, Президнти мамлакат ёдрас намуданд, ки дар хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пули миллӣ ва бо асъори хориҷӣ дар Бонки миллӣ суратҳисоби махсус кушода шудааст ва то имрӯз ба суратҳисоби мазкур 11 миллион сомонӣ ворид шуда, сарфи он бо пешниҳоди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз тарафи Ситоди ҷумҳуриявӣ амалӣ мегардад ва маводи аз ин ҳисоб харидоришуда ба беморхонаҳо ва шахсони сироятшуда дастрас карда шуда истодааст.

Май 20, 2020 16:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид