297 шаҳрванди Тоҷикистон аз Ӯзбекистон ва Қазоқистон ба Ватан оварда шуданд
ДУШАНБЕ, 30.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. 28-29 июн дар партави дастури Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамкорӣ бо мақомоти марбутаи кишварҳои Ӯзбекистон ва Қазоқистон 297 шаҳрванди мамлакат ба Ватан оварда шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Аз ҷумла, 28 июн дар ҳамкорӣ бо мақомоти марбутаи Ӯзбекистон 97 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бинобар баста будани марзҳо дар он кишвар муваққатан қарор доштанд, тариқи гузаргоҳи «Дустӣ»-и сарҳади давлатии Тоҷикистон бо Ӯзбекистон ба Ватан оварда шуданд.
Ҳамчунин, 29 июни соли ҷорӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти қазоқистонӣ 200 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо парвози махсуси ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» аз Алмато ба Душанбе баргаштанд.








Дар Берлин консерти ансамбли «Моҳирон» дар доираи фестивали байналмилалии Young Euro Classic баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар соҳаи ҳуқуқи инсон баррасӣ шуд
Дар Кувайт ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ дар самти консулӣ байни Тоҷикистон ва Давлати Кувайт баррасӣ гардид
Дар Вена масъалаҳои таҳкими ҳамкории илмӣ-фарҳангии Тоҷикистон ва Австрия баррасӣ гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Анқара машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Туркия баргузор шуданд
Масоили ҳамкорӣ дар соҳаи моликияти зеҳнӣ байни Тоҷикистон ва Корея баррасӣ гардид
Дар Теҳрон ҳамкории дуҷониба байни Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ шуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии вазорати федералии корҳои хориҷии Олмон оид ба корҳои Аврупо мулоқот намуд
Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқтидори саноатии вилояти Брест шинос гардид
Дар Қоҳира масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ дар самти таблиғи фарҳанги сулҳ баррасӣ шуданд
Дар Брест ҷаласаи 19-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус баргузор гардид






