ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар ноҳияи Лахш иншооти таъйиноти гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд
ДУШАНБЕ, 25.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи ҷашни 23-юмин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Лахш бинои иловагии беморхонаи минтақавии ҷамоати деҳоти Қашот, тарабхонаи замонавӣ дар ҷамоати деҳоти Пилдон ва насоси обкашии деҳаи Қашотро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Дар ин бора сармеъмори ноҳияи Лахш Назиров Убайдулло ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Бино ба иттилои манбаъ, бинои иловагии беморхонаи минтақавии Қашот бо маблағи 120 ҳазору 309 сомонӣ аз ҳисоби аҳолӣ сохта ба истифода дода шуд, ки он дорои 4 ҳуҷра, 12 кат ва таҷҳизотҳои замонавӣ мебошад. Инчунин насоси обкашии деҳаи Қашот, ки солҳои тулонӣ корношоям буд, бо маблағи 50 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби аҳолӣ таъмири пурра гардида, айни замон 240 хоҷагӣ бо оби нушокӣ ва полезӣ таъмин шуданд.
Инчунин, аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Искандаров Қаноатшо барои дар сатҳи баланди хизматрасонӣ ба сайёҳону меҳмонон дар шафати шоҳроҳи Ваҳдат-Лахш, ки аз ҳудуди ҷамоати деҳоти Пилдон мегузарад, тарабхонаи замонавӣ сохта дар арафаи ҷашни Ваҳдат ба истифода дод.
Ёдовар мешавем, ки дар ноҳияи Лахш бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 53 деҳаю маҳаллаҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия 200 адад бинову иншооти таъйиноташон гуногун ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз зиёда аз 100 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт ва корҳои сохтмонӣ дар иншоотҳои боқимонда идома дорад.








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Сокинони деҳаи ба номи Ортиқ Ҷумаеви шаҳри Турсунзода бо оби нӯшокӣ таъмин шуданд
Дар доираи сафари кории Президенти Тоҷикистон дар Исфара иншооти соҳаи тандурустӣ ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мастчоҳ 735 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд






