Ба 67 хонаводаи ноҳияи Хуросон, ки манзилҳояшон дар натиҷаи сел вайрон шудаанд, кумаки навбатӣ расонида шуд

Июнь 3, 2020 14:17

ДУШАНБЕ, 03.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ба 67 хонаводаи ноҳияи Хуросон, ки манзилҳояшон дар натиҷаи сели рӯзҳои 14-16 майи соли ҷорӣ қисман ва пурра вайрон шудаанд, кумаки навбатӣ расонида шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоот ва таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон.

Бино ба иттилои манбаъ, кумакҳои навбатӣ, ки аз орд, равған, биринҷ, шакар, макарон ва нахӯд иборат аст, аз номи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба оилаҳо дастрас гардид.

Бояд гуфт, ки дар маҳалли Чорбоғи ноҳияи Хуросон ба ҳар яке аз 67 оила ба андозаи 8-сотихӣ замин ва масолеҳи сохтмонӣ тақсим карда шудааст. Сохтмони манзилҳои нав шурӯъ шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки чанде қабл 33 мошини пурбори кумаки ғизоӣ, маҳсулоти сохтмонӣ ва лавозимоти тиббӣ аз номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои зарардидагони офати табиӣ ва табибону беморони ноҳияи Хуросон дастрас гардид.

16 тонна картошка, 16 тонна пиёз, 16 тонна сабзӣ, 13 тонна орд, 9 тонна биринҷ, инчунин чортоннаӣ равған, макарон, сетоннаӣ гречка ва перловка ва дигар анвоӣ маҳсулоти ғизоӣ, ҷамъ 84 тонна (42 тонна барои хонаводаҳои осебдида ва 42 тонна барои табибону беморон) расонида шуд. Инчунин, 3700 шифер, 180 тонна семент, 78 тонна арматура, 750 м2 тахта масолеҳи сохтмонӣ низ дастрас гардид.

Июнь 3, 2020 14:17

Хабарҳои дигари ин бахш

35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»