Баррасии вазъи пиряхҳои Тоҷикистон дар барномаи таҳлилии «Сарват» аз радиои «Ховар»
ДУШАНБЕ, 22.06.2020. /АМИТ «Ховар»/. Пиряхҳо яке аз манбаъҳои асосии захираҳои об ба ҳисоб рафта, нақши онҳо дар таъмини кишварҳои дунё бо об ва сероб гардидани дарёҳо муҳим аст. Ҳамин аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри ҳифзи пиряхҳо ҳамчун сарчашмаи об тамоми кӯшишро ба харҷ дода, тадбирҳои назаррасро андешида истодааст. Пиряхҳои Тоҷикистон тақрибан 6%-и ҳудуди мамлакатро ташкил дода, дар ташаккули дарёи калонтарини Осиёи Марказӣ — Амударё ва ҳавзаи баҳри Арал нақши муҳим мебозанд. Аз ин рў, барои пешгирии обшавии пиряхҳо аз таъсири тағйирёбии иқлим Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳанўз чанд сол қабл ҷомеаи ҷаҳонро барои ҳамкорӣ даъват намуда, пешниҳод намуд, ки Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шавад. Маҳз натиҷаи чунин ташаббусҳои Тоҷикистон ва таваҷҷуҳи ҷомеа ҷаҳон ба масъалаи обшавии пиряхҳо имкон дод, ки имрӯз дар назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳо” фаъолият дошта, барои муайян намудани вазъи пиряхҳо экспедитсияҳои омӯзишӣ ташкил мекунад.
Тафсилоти бештари мавзӯъ вобаста ба вазъи пиряхҳои Тоҷикистон ва дурнамои фаъолияти Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон соатҳои 14:30 ва 20:30 дар барномаи таҳлилии “Сарват”– и радиои “Ховар” бо иштироки профессор Абдулҳамид Қаюмов, директори Маркази омӯзиши пиряхҳо дар таҳияи муҳаррири барнома Манижа Баҳромзода пешниҳоди шунавандагон мегардад.