COVID-19. Шумораи қурбониёни коронавирус дар ҷаҳон беш аз 500 ҳазор нафар шуд
ДУШАНБЕ, 29.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ба ҳолати 29 июн шумораи ҳолатҳои сироятёбӣ аз коронавируси нав дар ҷаҳон ба беш аз 10 миллион нафар расида, зиёда аз 500 ҳазор нафар гирифторони COVID-19 вафот кардаанд ва беш аз 5,5 миллион нафар беморон шифо ёфтаанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ).
Тибқи маълумоти нави СУТ, давоми шабонарӯзи гузашта 163 172 ҳолати нави гирифторшавӣ ба COVID-19 ошкор шуда, 3 454 нафар сироятшудагон фавтидаанд. Ҳамин тариқ, шумораи умумии ҳолатҳои ошкоршудаи COVID-19 дар ҷаҳон 10 249 470 нафар ва теъдоди фавтидагон 504 478 кас мебошад.
Ҳамзамон то имрӯз дар ҷаҳон 5 556 644 нафар гирифторони ин беморӣ шифо ёфтаанд.
Ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст, ИМА (2 637 077 нафар), Бразилия (1 345 254), Россия (634 437), Ҳиндустон (549 197), Британияи Кабир (311 151), Испания (295 850), Перу (279 419), Чили (271 982), Италия (240 310) ва Эрон (222 669) дохил мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки 11 март СУТ хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон карда, имрӯз дар бораи беш аз 210 давлату ҳудуд ва ду киштии саёҳатии байналмилалии «Diamond Princess» ва «MS Zaandam», ки дар онҳо ҳолатҳои сироятёбӣ ба қайд гирифта шудаанд, гузориш медиҳад.
АКС: © EPA-EFE/MARTIAL TREZZINI DIGITALLY ALTERED








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






