COVID-19. Табибони Тоҷикистон ва Малайзия роҳҳои пешгирии ин бемориро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 23.06.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Маркази тиббии зеҳнӣ воқеъ дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика» бо иштироки олимони соҳаи тиб ва сармутахассисони соҳавии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мутахассисони Вазорати тандурустии кишвари Малайзия видеоконфронс доир гардид, ки дар он ҷонибҳо роҳҳои пешгирӣ ва табобати бемории коронавируси нави COVID-19-ро мавриди баррасӣ қарор доданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти вазорати мазкур.
Тавре иттилоъ дода мешавад, дар видеоконфронс ҷонибҳо ҳамчунин атрофи дигар масъалаҳои марбут ба бемории COVID-19 табодули афкор намуда, оид ба вазъи ин беморӣ дар ҳар ду кишвар маълумот доданд.

Ёдовар мешавем, ки бо мақсади ба таври фаврӣ расонидани кумаки машваратию маслиҳатӣ ба мутахассисони беморхонаҳои вилоятӣ ва шаҳру ноҳияҳо, ки дар самти ташхису табобати беморони гирифтори коронавируси нав фаъолият доранд, дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази тиббии зеҳнӣ таъсис ёфта, ба таври мустақим фаъолият дорад.
АКСҲО аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






