Дар ноҳияи Муъминобод кишти такрории картошка дар ҳоли анҷомёбӣ қарор дорад
ДУШАНБЕ, 25.06.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имсол дар ноҳияи Муъминобод дурнамои кишти зироатҳои кишоварзӣ 10 ҳазору 930 гектарро ташкил медиҳад, ки иҷрои он дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор дорад. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори идораи кишоварзии ноҳия Ҷумахон Сафаров иттилоъ дод.
Бино ба иттилоӣ манбаъ, дар ноҳия аз аввали моҳи феврал то моҳи июн кишти картошка ба таври марҳилавӣ гузаронида шуда, то имрӯз дар майдони 800 гектар ба анҷом расидааст.
Кишоварзони ноҳия барои самаранок истифода бурдани ҳар як қитъа замини корами обӣ, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амал намуда, имсол кишти картошкаро то 300 гектар зиёд намудаанд.
Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ кишти картошка идома дошта, тухмиҳои хушсифат низ дастрас гардидааст. Кишоварзони хоҷагии деҳқонии ба номи Маҳмадалӣ ҳар сол дар майдони 4 гектар ба таври марҳилавӣ анҷом додани кишти картошка ҳосили фаровон ва даромади хуб ба даст меоранд.
Тавре Ҷумахон Сафаров зикр намуд, дар ноҳия дар заминҳои хоҷагии ёрирасон, қитъаҳои наздиҳавлигӣ ва байни қатори дарахтони боғҳо низ кишти картошка гузарониданд.








Масъалаҳои баргузории Форуми B5+1 дар Душанбе баррасӣ шуданд
Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ оид ба мубориза бо биёбоншавӣ пешниҳод намуд, ки соли 2027 миссияи техникӣ ташкил карда шавад
Бо сабаби фаъолият накардани корхонаи «Хишти Тоҷикобод» сокинон ин масолеҳи сохтмониро аз Душанбе ва Ваҳдат бо роҳкирои гарон ворид менамоянд
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» ба маблағи беш аз 1 миллион сомонӣ кору хизматрасонӣ анҷом дода шуд
Дар доираи ҷаласаи 45-уми пленарии ГАО ҳамоиш баргузор гардид
Тоҷикистон барои мубориза бо тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо иқдомҳои мушаххасро тақвият мебахшад
Душанбе мизбони конференсияи миллӣ ва Намоишгоҳи технологияҳои рақамӣ дар соҳаи кишоварзӣ мегардад
Тоҷикистон ва Озарбойҷон ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият медиҳанд
Дар Душанбе ҷаласаи 45-уми пленарии ГАО оғоз шуд
Раванди татбиқи низоми электронии сертификатсияи фитосанитарӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Ҳамкории Палатаи ҳисоби Тоҷикистон ва Додгоҳи ҳисоби Туркия густариш меёбад
«ПАРДОХТИ ЯГОНАИ КОММУНАЛӢ». Низоми нав пардохтро барои сокинон осонтар, равшантар ва шаффофтар мегардонад






