Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ: паёмадҳои сел дар Тоҷикобод ва Душанбе бартараф гардиданд
ДУШАНБЕ, 01.06.2020. /АМИТ Ховар/. Бар асари борони зиёд 30 май, тахминан соати 19:30, дар ҷамоати деҳоти Қалъаи Лаби Оби ноҳияи Тоҷикобод, дар километри 202 шоҳроҳи Ваҳдат-Рашт-Лахш-Саритош сел омада, роҳ муваққатан баста шуд. Паҳноии сел 35-40 метр ва баландии об тахминан 60-70 смро ташкил дод. Дар ин бора аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Кормандони бахши ноҳиявии Кумита ва масъулини дахлдори ҷамоати мазкур фавран ба ҷойи ҳодиса расида, бо ҷалби техникаҳои муҳандисии Хадамоти нақлиёт ва роҳи ноҳия, 1 адад борбардори фронталӣ, 1 адад автогрейдер ва 1 адад экскватор корҳои бартарафсозии паёмадҳои офати табииро оғоз карданд.
Соати 00:20 дақиқа шоҳроҳ пурра кушода шуда, ҳаракати ҳама гуна намуди нақлиёт таъмин карда шуд.
Ҳамчунин 31 май бар асари боридани борони пуршиддат дар пойтахти мамлакат дар кӯчаи Навободи ноҳияи Сино оби борон ба саҳни ҳавлиҳои истиқоматии 3 (се) хоҷагии кӯчаи мазкур даромад.
Ин ҳолат аз тарафи наҷотдиҳандагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар шаҳри Душанбе бо истифода аз таҷҳизоти обкаш бартараф карда шуд.
Ҳамин рӯз ва тақрибан дар ҳамин соат аз боди шадиду борони пуршиддат дар кӯчаҳои Абдулло Наҷмиддин, Туҳфа Фозилова болопӯши хонаҳои истиқоматии 2 (ду) хоҷагии ин кӯчаҳо қисман зарар дидаанд.
Мутахассисони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар якҷоягӣ бо Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо ҷалби 1 адад техникаи боркаш ин ҳолатро бартараф карданд.
Дар ин ҳодисаҳо талафоти ҷонӣ ва зарари ҷисмонӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Дар ҳамин ҳол Хадамоти жолаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки 30-31 май бо партоби 51 мушаки зиддижолаи «Алазан 6» ба 19 минтақаи аз жола осебпазири ноҳияҳои Данғара, Хуросон ва Ҳисор хавфи боридани жоларо дар ин минтақаҳо бартараф сохтанд.








Барои гирифтор нашудани кӯдакон ба бемории дарунравӣ чӣ бояд кард?
«ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ТАШАББУСКОР ВА ТАҲКИМБАХШИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ҶАҲОНӢ». Дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
ОГОҲӢ! Аз 19 то 22 июн дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани селҳои хусусияти маҳаллидошта пешгӯӣ мешавад
ҚОНУНИ АВФ. Давлат ба ҳазорон шаҳрванд имконият медиҳад ба назди оилаҳои худ баргашта, ҳуқуқи худро ба зиндагии арзанда амалӣ созанд
Дар Душанбе оид ба тамоюлҳои рушди маориф дар давлатҳои ИДМ конфронси байналмилалӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Фирдавсӣ барои фаъолони ҳизб машғулияти омӯзишӣ доир гардид
Дар доираи лоиҳаи идоракунии раванди обшавии пиряхҳо ба Агентии обуҳавошиносӣ таҷҳизоти муосир дастрас карда шуд
Ҷаласаи якуми Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба нуфус ва рушд баргузор шуд
Истироҳатгоҳи маърифатӣ ва фароғатии «Камароб» ба фаъолият оғоз намуд
Барои пешгирии ҳодисаҳои ғарқшавӣ дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд
Корвони «Навои модарони ваҳдатсаро» бо фаъолияти корхонаҳои саноатии ноҳияи Ёвон шинос шуданд
АЗ РӮЗГОРИ ОДАМОНИ НАҶИБ. Ёде аз хизматҳои намоёни арбоби давлатӣ ва ҳуқуқшиноси варзида Ҳомиддин Шарифов






