Мулоҳизаҳои Латофат Назирӣ роҷеъ ба Ваҳдати миллӣ ва рушди соҳаи маориф дар барномаи «Ҷаҳони андеша»-и Радиои «Ховар»

Июнь 24, 2020 16:08

ДУШАНБЕ, 24.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Аз замони ба имзорасии Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ имсол 23 сол пур мешавад. Дар ин давра миллати тоҷик ба дастовардҳои зиёде ноил гашт.  Ваҳдати миллӣ имкон дод, ки сулҳу субот дар мамлакат ҳукмфармо гардаду соҳаҳои ҳаётан муҳими ҷомеа рушд кунад. Яке аз соҳаҳое, ки дар даврони Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ рӯ ба инкишоф ниҳод ин соҳаи маориф мебошад.  Бунёди садҳо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олӣ, ба истифода додани майдончаҳои варзишии дорои стандарти ҷаҳонӣ, таҳсил ва фаъолияти донишҷӯён берун аз кишвар  далели гуфтаҳост.

«Агар мо Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллии худро дар замири насли наврас дуруст ҷо накунем, шояд ҳолатҳое шавад, ки онҳо ба хатарҳои ҷидди рӯ ба рӯ гарданд. Барои оне, ки мо тавониста бошем сокинони мамлакат, алалхусус насли наврас ва ҷавони ҷомеаро аз ҳама гуна хатарҳои глобалӣ эмин дошта бошем, пеш аз ҳама таърихи гузаштаи халқи тоҷикро ба онҳо омӯзонем. Мусаллам аст, ки ҳеҷ давлате аз ин хатарҳои глобалӣ дар канор нест, вале шаҳрвандони ҳамон давлат ин хатарҳоро чӣ гуна паси сар мекунанд, ин аз масъулиятшиносии аҳли ҷомеа ва хусусан низоми маориф вобастагии калон дорад. Дар ҳамин радиф ҷоиз ба зикр аст, ки яке аз омилҳое, ки Ваҳдати миллии халқи тоҷикро аз ҳама гуна хатару таҳдидҳо ҳифз мекунад, ин алоқаи давлати миллӣ бо шаҳрвандонаш аст. Хушбахтона, имрӯз мо алоқаи давлати миллиро бо халқ дида истодаем. Аз ҷониби Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикисчтон гурӯҳҳои калони корӣ ташкил гардидааст, ки ҳамарӯза бо мардум вохӯрда аз дастовардҳои даврони Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ ҳарф мезананду ба мушкилоти сокинон расидагӣ менамоянд», — иброз медорад муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Латофат Назирӣ.

Идомаи андешаҳои мавсуфро дар барномаи «Ҷаҳони андеша» 25 июн соатҳои 11:15, 14:15 ва 17:15 аз Радиои «Ховар» бишнавед. Барнома дар таҳияи муҳаррир Моҳинави НАВРӮЗ пешниҳоди шунавандагон мегардад.

Июнь 24, 2020 16:08

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚОНУНИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН». Шарҳи он дар барномаи «Ватанпарвар»-и Радиои «Ховар»
«ЗАН ВА ОБОДОНИИ МАҲАЛ». Мавзӯи мазкур дар барномаи «Зан ва зиндагӣ»-и Радиои «Ховар» баррасӣ карда мешавад
«АЗ ФУРӮҒ ТО ФУРӮҒ». Дар ин барномаи Радиои «Ховар» Мадина Каримзода доир ба ғолибияти худ дар озмуни ҷумҳуриявӣ маълумот медиҳад
«ОБШАВИИ ПИРЯХҲО-МУШКИЛОТИ БУЗУРГИ САЙЁРА». Баррасии мавзӯъ дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар»
ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ОБУ ИҚЛИМ. Баррасии мавзӯъ дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар»
«ЗАН ВА ЗИНДАГӢ». Дар ин барномаи Радиои «Ховар» мавзўи нақши бонувон дар рушди илмҳои дақиқ шарҳ дода мешавад
«СОЛИ 2025-СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО». Дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар» зарурати қабули ташаббуси навбатии Тоҷикистон баррасӣ мегардад
«СОЛИ 2025-СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО». Баррасии аҳамияти ташаббуси панҷуми ҷаҳонии Тоҷикистон дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар»
КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Нақши он дар ҳалли муаммоҳои экологӣ дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар» баррасӣ мешавад
КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Барномаи «Сарват» — и Радиои «Ховар» нақши онро дар масъалаи ҳифзи пиряхҳо баррасӣ менамояд
КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Раванди омодагӣ ба он дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар» баррасӣ мегардад
Барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар» масъалаи тағйирёбии иқлимро аз нигоҳи Бюллетени Созмони ҷаҳонии метеорологӣ шарҳ медиҳад