ОНҲО – УМЕД ВА ОЯНДАИ МО! Ба Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи кӯдакон бахшида мешавад
ДУШАНБЕ, 01.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 1 июн, дар ҷаҳон Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи кӯдакон ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯз бо қарори Анҷумани Шӯрои Федератсияи байналмилалии демократии занон таъсис ёфта, бори аввал соли 1950 дар 51 кишвари дунё таҷлил гардида буд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад, ин рӯз дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» таҷлил мегардад.
Ҳукумати Тоҷикистон ба ҳифзи кӯдакон, махсусан ятим, маъюб ва таълиму тарбияи онҳо ғамхории аввалиндараҷа зоҳир менамояд. Ҷиҳати бо ҳаёти пурарзиш, сатҳи шоистаи зиндагӣ таъмин намудани кӯдакони бепарастор онҳо аз ҷониби давлат ройгон бо ҷойи зист, хӯрок, сару либос, маблағҳои пулӣ, хизматрасонии тиббию иҷтимоӣ таъмин карда мешаванд. Ҳамчунин зимни таҳия ва татбиқи барномаҳои давлатии тараққиёти иқтисодию иҷтимоии мамлакат, пеш аз ҳама, манфиатҳои кӯдакони маъюб, ятим ва бепарастор ба назар гирифта мешавад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи моддаи 34 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, «модару кӯдак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлатанд… Давлат барои ҳифзи кӯдакони ятим, маъюб ва таълиму тарбияи онҳо ғамхорӣ менамояд».
Далели ин гуфтаҳо соли равон бо дастгирии Президенти мамлакат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббуси соҳибкор, узви ҲХДТ ва Маҷлиси вакилони шаҳри Душанбе Маҳмудҷон Муродов тақдим намудани хонаҳои барҳаво дар бинои навсохти замонавӣ ва дорои тамоми шароити муосир ба 3 нафар оилаҳои ятим ва дорои шахсони маъюб- Раъно Раҳимова, Фотима Убайдова ва Зебуниссо Акрам буда метавонад.
Далели дигар. 26 майи соли 2018 тифле ба дунё омад, ки аҳолии мамлакатро ба 9 миллион расонид. Ба ин муносибат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дастур доданд, ки оилаи тифли бадунёомадаро бо хонаи истиқоматӣ таъмин намояд. Раиси шаҳри Душанбе қарори дахлдори худро доир ба ҷудо намудани хонаи сеҳуҷрагӣ аз маркази пойтахт ба Назира Муллоҷонова имзо намуд ва худи ҳамон рӯз калиди хона аз ҷониби муовини раиси шаҳр Мавсума Муинӣ ба волидайни тифл супорида шуд.
Ҳамчунин тибқи моддаи 34-и Конститутсия гуфта шудааст «…Падару модар барои таълиму тарбияи фарзандон ва фарзандони болиғу қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъминоти иҷтимоии падару модар масъул мебошанд (22 майи соли 2016)». Аз ин рӯ дар мамлакат аз ҷониби давлату Ҳукумат ба таълиму донишомӯзии кӯдак диққати махсус зоҳир карда мешавад.
Шояд ин сабаб шуда бошад, ки барои ривоҷу равнақ додани донишу малакаи ҳар як кӯдак ва насли наврас дар ҷумҳурӣ фестивалу озмунҳои зиёде доир мегарданд. Яке аз чунин озмунҳои ҷумҳуриявӣ озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» мебошад, ки он аз соли 2019 тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳурӣ дар чор давра баргузор мегардад. Дар он хонандагону донишҷӯён ва магистрону аспирантҳову докторантҳо иштирок карда метавонанд. Барои истифода дар озмун номгӯи асарҳои даҳҳо шоиру нависандагон пешниҳод мешавад. Ба ғолибони давраи чорум аз ҷониби Президент туҳфа ва мукофотпулӣ дода мешавад.
Мутаассифона, имсол бо сабаби паҳншавии бемории ҳамагири коронавирус дар мамлакат муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии мамлакат бо қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба паҳншавии бемории COVID-19 аз 27 апрели соли равон ба хотири ҳифзи солимии ҷомеа дарҳои худро ба рӯи хонандагон бастанд. Вале ба андешаи мутахассисон, дар хона нишастан низ имконияти хубест барои омодагӣ дидан ҷиҳати иштирок дар озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва хондани асарҳои оламгири адибон.
Адиби бачагон, мудири бахши кӯдаконаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Азизи Азиз иброз намуд, ки соли гузашта пас аз баргузор гардидани даври чоруми озмун бахши адабиёти бачагонаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба хулосае омад, ки бачаҳо аз бисёр асарҳои адибони худ огоҳ нестанд, ҳатто номи баъзеашонро нашунидаанд ва аз адабиёти бачагонаи ҷаҳон хеле кам воқифанд.
«Аз ҳамин сабаб мо рӯйхати адабиёти адибони маъруфи ҷаҳонро бо асарҳояшон ва рӯйхати адабиёти бачагонаи адибони тоҷикро тартиб дода, пешниҳод намудем. Дар сад соли охир тақрибан 80 нафар адибони тоҷик барои бачаҳо асар навиштаанд. Албатта, аз се як ҳиссаи осори Устод С. Айнӣ тақрибан барои хонандагони синфҳои ибтидоӣ навишта шудааст. Инчунин асари «Саргузашти Собир»-и С. Улуғзода аз «Субҳи ҷавонии мо», «Тобистон»-и Пӯлод Толис, «Занбӯри айнакдор»-и Абдумалик Баҳорӣ ва «Саргузашти Сафар махсум»-и Ҳабибулло Назаров ва дигаронро ном бурдан мумкин аст, ки барои бачагон асарҳои хуб маҳсуб мешаванд. Инчунин адибон Баҳманёр, Ато Мирхоҷа, Равшани Ёрмуҳаммад, Маҷид Салим ва дигарон барои бачагон қиссаҳои хеле ҷолиб навиштаанд, ки барои иштирок дар озмун хонандагон бояд инҳо ва чандин асарҳои дигарро мутолиа намоянд. Бигзор кӯдакони мо пайваста дар ин озмун ва озмунҳои дигари ҷумҳуриявӣ иштирок кунанду номи Тоҷикистонро баланд бардоранд» — афзуд А. Азиз.
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабмо Ҳабибулозода доир ба Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи кӯдак иброз дошт, ки «иқдомҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таъмини ҳаёти осоиштаи кӯдакон, таъмин ва риояи ҳуқуқу озодиҳои онҳо, дар рӯҳияи меҳру муҳаббат ба Ватан ва ҳамчун насли солиму созанда тарбия ёфтани кӯдакон равона гардидаанд. Дар натиҷаи ин саъю талошҳо ҳаёти фарзандони мамлакат сол аз сол беҳтару рангинтар мегардад. Мояи ифтихор ва сарбаландист, ки имрӯз насли навраси болаёқат Ватани азизи моро дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд. Онҳо дар олимпиадаву озмунҳо, мусобиқаҳои варзишии сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ ширкат варзида, сазовори ҷойҳои намоён, медалу дипломҳои дараҷаҳои гуногун ва ифтихорномаҳо мегарданд».
-Дар ин рӯзи ид ба падару модарон, бобою бибиҳо, омӯзгорон ва ҳамаи онҳое, ки қувваю дониши худро баҳри тарбия ва инкишофи насли навраси мамлакат равона месозанд, миннатдории худро баён намуда, ба онҳо дар ин ҷода муваффақиятҳо орзу менамоям,-мегӯяд Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабмо Ҳабибулозода.
Дар рӯзи иди кӯдакон таманно мекунем, ки бигузор онҳо солиму хушбахт ба воя расанд ва бо рафтори намунавӣ, хониши хубу аъло баҳри ободии Ватани азиз-Тоҷикистон пайваста саъю талош варзанд.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»