Роҳбарияти вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ бо намояндагони UNODC ҳимояи ҳуқуқи кӯдаконро баррасӣ кард

Июнь 24, 2020 10:33

ДУШАНБЕ, 24.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Вазъи кунунии ҷаҳонӣ ва таъсири он ба ҳаёти кӯдакону наврасон, ҳимояи ҳуқуқу озодӣ, фароҳам овардани шароити хубу зиндагии шоиста ба кӯдакону  наврасонро 23 июни соли равон муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурулло Маҳмадуллозода бо ҳайати Дафтари СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) зимни суҳбати видеоӣ  мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Бино ба иттилои манбаъ, зимни суҳбат ҷонибҳо вобаста ба вазъи кунунии ҷаҳонӣ ва таъсири он ба ҳаёти кӯдакону наврасон, бахусус дар кишварҳои арабӣ ва дигар мамолики дар оташи ҷангу низоъҳо  қарордошта, таваҷҷӯҳ намуданд.

Дар ҷараёни суҳбат доир ба масъалаи таҳким бахшидани ҳамкорӣ байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дафтари СММ, инчунин мукаммал намудани ҳамкорӣ дар самти дастгирии кӯдакону наврасон  мавриди баррасӣ қарор доданд.

Нурулло Маҳмадуллозода дар масъалаи пешгирии ҷинояткорӣ дар  байни ҷавонон ва наврасон, пешгирӣ ва барҳам додани меҳнати кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дод.

Мавсуф зикр намуд, ки «Бо ташаббуси Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои охир санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба тасвиб расид, ки ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалӣ буда, ба манфиати кӯдакону наврасон ва ояндаи миллат равона гардидааст.  Инчунин то ба имрӯз аз ҷониби Тоҷикистон як зумра конвенсияҳо ва тавсияҳои Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат (ТБМ) ба тасвиб расидаанд, ки ба масъалаҳои меҳнати кӯдакон ва танзими меҳнати наврасон вобастагӣ доранд.  Барои татбиқи ин санадҳо аз ҷониби вазорат дар ҳамкорӣ  бо вазорату идораҳои дахлдор ва шарикони иҷтимоӣ мунтазам чораҳои зарурӣ андешида мешавад».

Дар фарҷом аз ҷониби ҳайати Дафтари СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) ба ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти марбута баҳои баланд дода шуд. Инчуни барои ҳамкориҳои минбаъда дар самти дастгирии техникӣ ва таҳияи маводи таблиғотӣ изҳори  омодагӣ намуданд.

Мавриди зикр аст, ки дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Бахши мониторинги меҳнати кӯдак фаъолият менамояд, ки вазифаи таҳия ва татбиқи системаи мониторинги меҳнати кӯдакро бар ӯҳда дорад. Дар ин самт  вазорат баҳри ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакон дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ пайваста чорабиниҳои мухталиф ва корҳои фаҳмондадиҳӣ доир ба хавфу хатарҳои экстремизм ва терроризм баргузор менамояд.

Июнь 24, 2020 10:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид
МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе оид ба нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ форуми байналмилалӣ баргузор гардид