Шумораи зангҳо ба рақами кӯтоҳи 311 ва 511 коҳиш ёфтааст

Июнь 19, 2020 09:58

ДУШАНБЕ, 19.06.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Рӯзҳои охир шумораи зангҳо ба рақами кӯтоҳи  311 ва 511  рӯ ба камшавӣ аст, хабар  медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Бино ба иттилои манбаъ, агар қаблан танҳо дар як шабонарӯз ба телефони боварии 311 беш аз 2 ҳазор занги телефонӣ қабул мешуд, ҳоло бошад, ин рақам ба  489 расидааст.

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, бо мақсади мубориза бар зидди бемории сироятии COVID -19  ва табобати сироятёфтагон  ду маркази машваратии тиббии боварӣ аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат  таҳти рақами кӯтоҳи 311 ва 511 фаъол гардиданд. Телефони  боварии 511 моҳи март ва рақами 311 пас аз тасдиқ шудани ҳолати бақайдгирии коронавирус 5  майи соли равон ба фаъолият  оғоз намуданд. Аз оғози таъсисёбӣ то имрӯз шумораи зиёди мардум ба ин рақамҳо занг зада, доир ба бемории COVID-19 ба саволҳои худ посух гирифтанд. Ин  рақамҳо  ба таври шабонарӯзӣ фаъол буда,  дар он мутахассисони варзидаи соҳаи тиб ба кор ҷалб шудаанд.

Бояд гуфт, ки коҳиш ёфтани муроҷиати шаҳрвандони мамлакат ба телефонҳои боварии 511 ва 311 гувоҳи он аст, ки дар ҷумҳурӣ шумораи гирифторон ба  COVID-19  коҳиш ёфтааст.

Ёдовар мешавем, ки  то 18 июн 5279  нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави COVID-19 ошкор гардида, аз ин шумора то кунун 3762 (71.2%) нафар шифо ёфта, 51 нафар фавтидаанд.

Акс аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Июнь 19, 2020 09:58

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд