СИТОДИ ҶУМҲУРИЯВӢ: ИМТИҲОНҲО ДОИР НАМЕШАВАНД! Баҳои аттестатсияи хатм барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ дар синфҳои 9 ва 11 дар асоси ҷамъбасти баҳои чорякҳо ва солона гузошта мешавад
ДУШАНБЕ, 01.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрўз Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии сирояти коронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳифзи солимии ҷомеаву бехатарии аҳолӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии сирояти коронавирус (COVID-19) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул намуд, ки тибқи он аттестатсияи хатми хонандагони синфҳои 9 ва 11-и муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, бе иштироки хонандагон баргузор карда шуда, баҳои аттестатсияи хатм барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ дар синфҳои 9 ва 11, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, дар асоси ҷамъбасти баҳои чорякҳо ва солона гузошта шавад.
Дар асоси ҳамин қарор вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор карда шудааст, ки раванди ҷамъбасти аттестатсияи хатмро барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, зери назорат қарор дода, бо мақсади таъмини шаффофияти аттестатсия дар назди вазорат, сарраёсат, раёсат, шуъбаҳои маорифи вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои таҳсилоти умумӣ комиссияҳои аппеллятсионӣ таъсис диҳад.
Мувофиқи тартиб аттестати аъло ба хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии асосӣ тибқи “Тартиби додани аттестати аълои таҳсилоти умумии асосӣ ба хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ” дода мешавад.
Озмуни аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра, аттестати аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқра тибқи “Тартиби бо аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра, аттетстати аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқра мукофотонидани хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон” пас аз ҷамъбасти аттестатсияи хатм тибқи муқаррарот баргузор карда шавад.
АКС аз манбаъҳои дастрас








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






