СИТОДИ ҶУМҲУРИЯВӢ: ИМТИҲОНҲО ДОИР НАМЕШАВАНД! Баҳои аттестатсияи хатм барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ дар синфҳои 9 ва 11 дар асоси ҷамъбасти баҳои чорякҳо ва солона гузошта мешавад

Июнь 1, 2020 16:38

ДУШАНБЕ, 01.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрўз Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии сирояти коронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо мақсади ҳифзи солимии ҷомеаву бехатарии аҳолӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии сирояти коронавирус (COVID-19) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул намуд, ки тибқи он аттестатсияи хатми хонандагони синфҳои 9 ва 11-и муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, бе иштироки хонандагон баргузор карда шуда, баҳои аттестатсияи хатм барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ дар синфҳои 9 ва 11, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, дар асоси ҷамъбасти баҳои чорякҳо ва солона гузошта шавад.

Дар асоси ҳамин қарор вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор карда шудааст, ки раванди ҷамъбасти аттестатсияи хатмро барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, зери назорат қарор дода, бо мақсади таъмини шаффофияти аттестатсия дар назди вазорат, сарраёсат, раёсат, шуъбаҳои маорифи вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои таҳсилоти умумӣ комиссияҳои аппеллятсионӣ  таъсис  диҳад.

Мувофиқи тартиб аттестати аъло ба хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии асосӣ тибқи “Тартиби додани аттестати аълои таҳсилоти умумии асосӣ ба хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ” дода мешавад.

Озмуни аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра, аттестати аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқра тибқи “Тартиби бо аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра, аттетстати аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқра мукофотонидани хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон” пас аз ҷамъбасти аттестатсияи хатм тибқи муқаррарот баргузор карда шавад.

АКС аз манбаъҳои дастрас

Июнь 1, 2020 16:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Қаҳрамонони сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ танҳо мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон мебошанд»
10 АМАЛИ ЗАМИНАСОЗИ СУЛҲУ ВАҲДАТ. Ба истиқболи 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – КАФОЛАТИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Мулоҳизаҳои Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин оғози парвозҳои мустақими мусофирбарӣ байни Душанбе ва Пекинро рӯйдоди муҳим номиданд
Ҷашни Тиргон бо баргузории иди зардолу ва намоиши «Хушкмеваҳои Тоҷикистон» таҷлил мегардад
Каролин Глейч: «Тоҷикистон сарзамине бо табиати нотакрор аст ва мебояд, ин зебоиро ба тамоми ҷаҳон нишон дод!»
Кирти Вардхан Сингҳ: «Ҳифзи пиряхҳо ҳамбастагӣ, ҳамкории байналмилалӣ ва фаҳмиши муштараки илмиро талаб мекунад»
Кэтрин Рассел, директори иҷроияи ЮНИСЕФ: «Мо мехоҳем, ки садои кӯдакон ва ҷавонон дар сиёсати иқлимӣ шунида шавад»
Ясмин Сиддиқӣ: «Обшавии пиряхҳо танҳо як мушкили муҳити зист нест, ин буҳрони об, ғизо ва рӯзгор аст»
Қоҳир Расулзода Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳоро натиҷагирӣ намуд
Шамс Аббосӣ: «Таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон мардуми тоҷик дар самти мубориза бо тағйирёбии иқлим ва пешбурди донишҳои экологӣ қадамҳои бузург мегузоранд»
Султон Ҷамшед: «ВАО-и Тоҷикистон дар инъикоси кори конфронси сатҳи баланд муваффақ буд»