ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 июн, якшанбе, 173-юмин рӯзи соли 2020 аст

Июнь 21, 2020 08:00

21 июни соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи умумии Конференсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди устувор, ки дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуданд. Бояд тазаккур дод, ки Конференсияро Дабири кулли СММ Пан Ги Мун ҳусни оғоз бахшида, иштирокдорон бо як овоз Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Бразилия Дилма Русефро ҳамраиси Конференсия интихоб намуданд.

***

7 сол пеш, 21 июни соли 2013 дар мулоқоти Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Дабири кулли  вақти  Созмони ҳамкории Шанхай Дмитрий Мезентсев масоили вобаста ба ҳамкорӣ дар доираи ин созмон, мавзӯъҳои рӯзномаи ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои он ва раёсати ояндаи Тоҷикистон баррасӣ шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2014 бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бинои собиқ кинотеатри ба номи Горкийи шаҳри Душанбе пас аз навсозии куллӣ дубора мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Он Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон ба номи Муҳаммадҷон Қосимов ё худ театри «Аҳорун» номгузорӣ шуд.

21 ИЮН ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

 Рӯзи байналмилалии йога.

***

Рӯзи ҷаҳонии варзиши скейтбординг.

***

Дар Россия — Рӯзи кинологҳо.

***

Дар Дания ва Гренландия — Рӯзи миллӣ.

 РӮЙДОДҲО:

21 июни соли 2012 масъалаҳои ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳоду муассисаҳои сершумори он муҳокима гардиданд.

***

21 июни соли 2016 дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бузургтарин Маркази тиҷоратӣ — «Душанбе мол» ба истифода дода шуд.

***

10 сол пеш, 21 июни соли 2010 дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ конфронси дурӯзаи  «Анъана ва равандҳои демократия дар Тоҷикистон» ба кори худ оғоз намуд.

***

21 июни соли 1804 химики англис Смитсон Теннант ҳисоботи ду фулузоти навро бо номи иридия ва осмия дар назди  Ҷамъияти шоҳигарии Британияи Кабир муаррифӣ намуд.

***

103 сол муқаддам, 21 июни соли 1907 Агентии иттилоотии Америка Юнайтед Пресс Интернэшнл (ЮПИ) таъсис ёфт.

***

Дар ин рӯзи соли 1948 дар Донишгоҳи Манчестер аввалин барномаи компютерӣ санҷида шуд.

***

21 июни соли 2003 дар натиҷаи таркиши қубури нафт дар Нигерия зиёда аз 100 нафар ба ҳалокат расиданд.

 ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

 Соли 1942 дар Исроил гармтарин рӯз ба қайд гирифта шудааст: он рӯз ҳарорати ҳаво  +53,9°С-ро ташкил дод.

***

Соли 1970  Бразилия  маротибаи сеюм чемпиони ҷаҳон оид ба футбол шуд. Бразилиягиҳо дар мусобиқаи финалӣ дастаи Италияро бо ҳисоби 4:1 мағлуб карданд.

Июнь 21, 2020 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш