Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон шаҳрвандонро ҳушдор медиҳад, ки ҳангоми барасмиятдарории қитъаҳои наздиҳавлигӣ зудбовар набошанд

Июнь 15, 2020 09:22

ДУШАНБЕ, 15.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон шаҳрвандони кишварро огоҳ месозад, ки зудбовар  набошанд ва барои бар хилофи қонун соҳиб шудан ба қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ҳаракат нанамоянд.  Бояд қайд намуд, ки қаллобон ба боварии нафаре даромада, бо мақсади дарёфти даромади муфт ба ин навъи ҷиноят бисёр даст мезананд.

Тибқи иттилои вазорат,  дар давоми як ҳафта кормандони шӯъбаи корҳои дохилӣ дар шаҳрҳои Бӯстон ва Ваҳдат ду далели қаллобӣ оид ба ҷудо кардани заминро  ошкор намудаанд.

Дар натиҷаи гузаронидани корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯии милитсия бо гумони қаллобӣ як сокини 25-солаи шаҳри Бӯстон боздошта шуд.

«Моҳи декабри соли 2019 гумонбар як сокини 33-солаи шаҳри Конибодомро фиреб дода, аз ӯ 40 ҳазор сомонӣ рӯёнидааст. Қаллоб бар ивази пул  0,25 гектарро дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Э.Шарипов ваъда дода, ба қавлаш вафо накардааст.

Нисбат ба ҷавони номбурда бо моддаи 247 қ.3, КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад», — хабар медиҳад манбаъ.

Боз як рӯйдоди  ба ин монанд дар шаҳри Ваҳдат рух додааст. Ба шӯъбаи корҳои дохилӣ як сокини маҳалии 56-сола муроҷиат намуда, гуфтааст, ки соли 2015  марди 34-солаи  сокини ҳамин шаҳр аз ӯ 10 ҳазор доллар гирифта, ваъда додааст, ки барояш 0,06 гектар қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда медиҳад. Аммо дар асл ин кор амалӣ нагардид. Аз рӯи ин ҳодиса низ тафтишот идома дорад.

Июнь 15, 2020 09:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид