Ҳамкории дуҷонибаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ бо Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 16.06.2020. /АМИТ «ХОВАР»/. 15 июни соли ҷорӣ мулоқоти мустақими Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулрӯ Ҷабборзода бо роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сафир Мэрилин Йосефсон доир гардид. Зимни мулоқот ҷонибҳо масоили ҷорӣ ва дурнамои рушди ҳамкории вазорат ва Иттиҳоди Аврупоро, аз ҷумла раванди амалӣ гардидани лоиҳаҳо, ки ба тақвияти таҳсилоти ибтидоии касби, муҳоҷират ва шуғли аҳоли равона гардидаанд, баррасӣ намуданд. Дар ин бора аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Дар робита ба ин, ҷонибҳо барои тақвияти фаъолиятҳои муштарак дар самти коҳиш додани паёмадҳои пандемияи COVID-19 ба бозори меҳнат ва муҳоҷират ба мувофиқа расиданд. Ҳамзамон, аз ҷониби роҳбари Намояндагӣ дар таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа: стратегияҳо, барномаҳои дахлдор ва таҳкими неруи вазорат ибрози омодагӣ карда шуд.
Дар ҷараёни суҳбат Гулрӯ Ҷабборзода аз татбиқи лоиҳаҳои муштарак бо Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар самтҳои гуногуни вазорат изҳори қаноатмандӣ намуд.
Ҳамчунин, дар ин мулоқот масъалаҳои дигари рушди ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла кумакҳои техникӣ дар самти муҳоҷират ва ба касбомузӣ фаро гирифтани ҷавонон, инчунин омода намудани кадрҳои баландихтисоси сатҳи байналмилалӣ муҳокима гардиданд.
Дар интиҳои суҳбат ҳамчунин масъалаҳои марбута ва дигар мавзӯҳои мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ шуданд.








Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид






