Зарфиятҳои сайёҳии шаҳри Норак баррасӣ гардиданд

Июнь 27, 2020 12:37

ДУШАНБЕ, 27.06.2020. /АМИТ «Ховар»/. Зарфиятҳои сайёҳии шаҳри Норак зимни ҳамоише, ки дар заминаи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд, муаррифӣ гардиданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ҳамоиши мазкур бо мақсади омодагӣ ба мавсими сайёҳӣ аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак баргузор карда шуд.

Дар чорабинӣ роҳбарияти Кумита, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак, масъулини сохторҳои марбути соҳаи сайёҳӣ ва шахсони фаъоли ҷомеа ширкат дошта, масъалаҳои баланд бардоштани сатҳу сифати инфрасохтори ба талабот ҷавобгӯ, аз ҷумла меҳмонхонаҳо, тарабхонаҳо, истироҳатгоҳҳо, норасоии мутахассисони ботаҷрибаю касбӣ дар ин соҳа, ба талабот ҷавобгўй намудани ҳолати санитарию гигиении марказҳои хизматрасонӣ ва ҷойҳои тамошои сайёҳӣ бо мақсади пешгирӣ аз вируси COVID-19, дар мавзеъҳои сайёҳии минтақа фароҳам овардани шароити хизматрасонӣ, бештару беҳтар тарғиб намудани имкониятҳои сайёҳии шаҳр берун аз ҷумҳурӣ, фаъол намудани хатсайрҳои сайёҳӣ ба шаҳр, ба роҳ мондани фаъолияти пурсамари ширкатҳои сайёҳии маҳаллӣ, таваҷҷуҳи хоса зоҳир намудан ба вазъи тозагии мавзеъҳои сайёҳӣ ва тарғиби имкониятҳои сайёҳии шаҳр тавассути шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ мавриди таҳлилу омӯзиш қарор гирифтанд.

Тазаккур дода шуд, ки мавқеи ҷуғрофии шаҳри Норак, фазои мусоиди экологӣ ва чашмаҳои гуногуни шифобахши манотиқи гирду атрофи он барои рушди сайёҳии экологӣ ва курортиву санаторӣ иқтидори воқеӣ дорад.

Имрўз инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ дар шаҳри Норак дар ҳолати хуб қарор дорад ва бунёди истироҳатгоҳҳу марказҳои нави хизматрасонӣ барои ҷалби бештари сайёҳон ба он заминаи мусоид мегузорад.

Тибқи Стратегияи рушди сайёҳӣ барои давраи то соли 2030 шаҳри Норак ҳамчун шиносномаи сайёҳии кишвар дониста шудааст.

Мавриди зикр аст, ки ҳоло дар ҳудуди шаҳри Норак 2 меҳмонхона, 9 минтақаи истироҳатӣ, 5 тарабхона, 1 осорхона, 28 ёдгории таърихӣ, 12 нуқтаи хизматрасонии бонкӣ, 3 гӯшаи фурӯши армуғонҳо, 5 зиёратгоҳ, 1 боғи фарҳангӣ-фароғатӣ, 46 мавзеи сайёҳӣ, зиёда аз 58 минтақаи истироҳатӣ мавҷуд мебошанд.

Ҳамчунин бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар соҳили дарёи Вахш сохтмони зиёда аз 80 иншооти фароғатӣ идома дорад.

Июнь 27, 2020 12:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад