БА ЗИМИСТОН ОМОДА МЕШАВЕМ! Соҳибҷамол Холиқова дар хонаи худ барои бонувон курси омӯзиши консервакунонии маҳсулотро ташкил намуд
ДУШАНБЕ, 16.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, сокини ҷамоати Маданияти ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Соҳибҷамол Холиқова ташаббус нишон дода, тасмим гирифт, ки дар кори умумии вобаста ба омодагирӣ ба фасли зимистон саҳм бигирад. Номбурда дар манзили худ курси омӯзиши консервакунонии маҳсулоти кишоварзиро ташкил намуд.
Дар курсҳои ӯ занону духтарони ҷавон нозукиҳои ин корро омӯхта, минбаъ онро барои омода намудани шарбату мураббо ва дигар хӯришҳо барои захираи зимистон истифода мебаранд.
«Ҳангоми мулоқотҳо бо интихобкунандагон, ман ҳамеша аҳамият ва зарурати омодагӣ ба зимистон, захира намудани маҳсулоти зарурӣ, аз ҷумла таҳияи консерваҳоро барои фасли сармо таъкид мекунам. Зани боҳунари сариштакор ҳамеша ин гуна маҳсулотро дар хонааш захира дорад», — гуфт ӯ ба хабарнигори АМИТ «Ховар».
Бино ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, ӯ ҳар сол маҳсулоти кишоварзии аз замини худ рӯёнидашударо консерва мекунад.
«Мо зиёда аз сесад банкаҳои гуногуни консервҳои мухталифро маҳкам ва нигоҳ медорем. Дар қитъаи наздиҳавлигии худ помидор, бодиринг, қаламфур, бодинҷон, сирпиёз, карам, зардолу, шафтолу, олу, гелос ва себ парвариш мекунем. Барои ба даст овардани ҳосили фаровон заминро самаранок истифода бурдан лозим аст», — мегӯяд Соҳибҷамол Холиқова.
Ба оилаҳое, ки қитъаҳои наздиҳавлигӣ надоранд вакил тавсия медиҳад, ки маҳсулоти заруриро аз бозор, ки ҳоло бо нархи паст фурӯхта мешавад, харидорӣ намоянд.
«Ҳамчун як корманди собиқадори соҳаи тиб метавонам бигӯям, ки дар фасли зимистон бадани инсон ба витаминҳои зиёд эҳтиёҷ дорад. Дар фасли зимистон нархи сабзавот ва меваҳои тару тоза дар бозорҳо гарон аст, қисме аз онҳо ёфт намешавад, бинобар ин мо бояд ҳоло маҳсулоти консервашударо захира намоем. Ин беҳтарин роҳи бо минералҳо ва витаминҳои зарурӣ таъмин намудани аъзои оилаҳои шумо мебошад. Консерваҳо барои зимистон ин на танҳо маҳсулоти муфид, балки судманд низ мебошанд», — гуфт ӯ.
Бояд зикр кард, ки имсол дар партави супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳар як оила дар вилояти Хатлон ба масъалаи истифодабарии қитъаҳои заминҳои наздиҳавлигӣ ва омодагӣ ба зимистон масъулона муносибат мекунад. Қариб ҳар як оила ба консервакунонии меваҳо ва сабзавот барои зимистон машғул мешавад. Бисёре аз оилаҳо дар мавсим зиёда аз 600 банка консерва маҳкам мекунанд.










«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






