Беш аз 640 шаҳрванди Тоҷикистон аз Россия ба Ватан оварда шуданд
ДУШАНБЕ, 01.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар партави дастури Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 25 то 30 июн 642 шаҳрванди Тоҷикистон аз шаҳрҳои Россия ба Ватан оварда шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Бино ба иттилои манбаъ, бо парвозҳои махсуси ширкатҳои ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» ва «Сомон Эйр» 25 июни соли ҷорӣ 230 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Москва, 26 июн 228 шаҳрванди мамлакат аз Қазон ва 30 июн 184 шаҳрванди кишварамон аз Новосибирск ба Ватан баргаштанд.
«Бо парвозҳои мазкур пеш аз ҳама занону кӯдакон ва беморон, ки бино ба қатъ гардидани парвозҳои байналмилалӣ дар Федератсияи Россия дармонда буданд, оварда шуданд»,- таъкид намуданд дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.








Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд
Дар Ашқобод Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо тантана таҷлил намуданд
Шараф Шерализода дар Конгресси 13-уми ҷаҳонӣ оид ба сайёҳию кӯҳнавардӣ, барқарорсозӣ ва варзиши зимистона иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо ҳайати Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии «Осиёи Марказӣ-Австрия» иштирок намуд
Дар шаҳри Токио Наврӯзро ҷашн гирифтанд
Дар Москва Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил карда шуд






