«БИМИР, ТО БИРАҲӢ АЙ ҲАСУД…». Тавсия ба нотавонбинони давлат ва миллати тоҷик

Июль 8, 2020 15:05

ДУШАНБЕ, 08.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Тавре хабар додем, ҳафтаи ҷорӣ аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид «ҲАФТАИ МУБОРИЗА БО ТЕРРОРИЗМ» эълон шудааст, ки дар доираи он 10 вебинар ва мубоҳисаи интерактивӣ дар шакли онлайн баргузор хоҳанд шуд. «Мо медонем, ки ДОИШ, «Ал-Қоида» ва филиалҳои минтақавии онҳо, инчунин фашистони навбаромад, ҷонибдорони волоияти нажоди сафед ва гурӯҳҳои дигар, ки тухми адоват мекоранд, кӯшиш мекунанд, ки ихтилофҳо, низоъҳои маҳаллӣ, ихлоли идоракунӣ ва маҳрумияти одамонро барои расидан ба ҳадафҳои худ истифода баранд» – иброз дошт Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш зимни ифтитоҳи Ҳафтаи мубориза бар зидди терроризм.

Тавре таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, гурӯҳҳои террористӣ-экстремистӣ баҳри расидан ба ҳадафҳои нопоки худ, аз роҳҳои гуногун истифода мекунанд. Ташкилотҳои террористии баромади тоҷикидошта бошад, зери ниқоби «даъвогарони демократия, ҳомиёни ҳукуқи инсон ва миллатдӯст» зери ҳимояи хоҷагони хориҷӣ ҳар рӯз ниқоби худро иваз мекунанд, вале дар асл ҳамон нотавонбинонанд, ки қудрати дидани пешравӣ ва дастовардҳои миллатро надоранд. Бинобар ин, даст ба дасиса ва иғво зада, рӯ ба сомонаҳои иҷтимоӣ меоранд ва ба сӯи миллати шарафманди тоҷик кулӯхандозӣ мекунанд. Бехабар аз он, ки «Кулӯхандозро санг подош аст».

Дар зимн андешаҳои Далер МЕРГАНОВ, муовини Сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум» таҳти унвони «БИМИР, ТО БИРАҲӢ АЙ ҲАСУД… Тавсия ба нотавонбинони давлат ва миллати тоҷик» пешкаши хонандагон мегардад, ки идомабахши мавзӯи болозикр мебошад.  

 …Чанде пеш бастаи солҳои қаблии рӯзномаи «Садои мардум», аз ҷумла, соли 1992-ро варақгардон кардам. Қабл аз ҳама бояд гӯям, ки  кормандони рӯзномаи мазкур аз камшумор журналистон маҳсуб мешаванд, ки дар он солҳо ба муқаддасоти миллӣ ва арзишҳои журналистика  хиёнат накарда, бо вуҷуди мушкилоти зиёд дар сатҳи хубу сифати баланд ва сарбаландона  фаъолият кардаанд.  Чунин тарзи кор барои як қисми аҳли зиё ва баъзе мансабдорон, ки дар шароити кунунӣ бетарафиро пеша кардаанд, бояд намунаи ибрат бошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз мулоқотҳояшон  бо зиёиён гуфта буданд, ки  мо бояд мафҳумҳои «миллати тоҷик», «забони тоҷикӣ», «таърихи тоҷикон», «фарҳанги тоҷикӣ» ва «адабиёти тоҷикӣ»-ро баробари номи муқаддаси Тоҷикистон, модари хеш ва мисли ҷони худ дӯст дорем ва онҳоро бо ифтихор ба забон орем.

Дар робита ба ин, аз зиёиён ва олимони кишвар даъват шуд, ки бетараф набошанд ва назару мавқеи худро равшану боҷуръатона баён намоянд. Андешаву назари онҳоеро, ки дину мазҳаб ва имону миллати худро ба бегонагон фурӯхтааанду ҳаққи маънавии тоҷик буданро надоранд, қотеъона маҳкум кунанд. Вале афсус…

Шиносоӣ бо мазмуну муҳтавои матолиби он солҳо, ки дар рӯзномаи мазкур нашр шудаанд, хоса гузориш аз Иҷлосияи ХV1 Шӯрои Олӣ  маро дар шинохти бештари  чеҳраҳо,  дарки беш аз пеши  воқеият, огоҳии комилтар  аз аъмоли шахсияту гурӯҳҳо дар он даврон,  амиқтар бурд.

Ҳарчанд ба ёд овардани он айёми буғранҷ ва пурташаннуҷ чандон  хушоянд нест,  вале  рисолати инсониву қарзи виҷдони хеш медонам ёдовар шавам, ки чанд сол пештар мо бо чӣ мушкилот мувоҷеҳ будем ва кадом шахсият боис гардид, ки рӯзгори саодатманд таъмин гардад. Муҳимтар аз ҳама дар хотир дошта бошем, ки  як лаҳза фаромӯш кардани гузаштаи худ, аз ёд бурдани сабақҳои таърих боиси он гардид, ки миллат по ба канори вартаи бетаг гузорад. Таҳрикбахши иншои матлаби мазкур низ ҳамин  аст.

Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ, ки дар мақолаи мазкур меҳвар қарор додем, аз рӯйдодҳои таърихие мебошад, ки дар давлатдории муосири тоҷикон марҳилаи комилан навро оғоз бахшида, давлати дар вартаи нобудӣ қарордоштаро наҷот бахшид ва ҳамчун миллат аз миён рафтани тоҷиконро пешгирӣ кард. Ба ғайр аз ин, ба бесарусомонӣ ва беҳокимиятӣ нуқта гузошт, Роҳбари оқилу хирадманд ва дурандешро интихоб кард, рамзҳои давлатиро тасдиқ намуд.

Бояд фаромуш накунем, ки он замон бо вуҷуди соҳибистиқлолӣ, ҳатто рамзҳои давлати соҳибистиқол – Парчам ва Нишони миллӣ надоштем ва дар мамлакат Конститутсияи соли 1978 амал мекард. Бамаврид аст ёдовар шавем, ки он вақт на ҳар кас қудрат ва хоҳиши мансаб гирифтан дошт.

Интихоб гардидани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба  мансаби Раиси Шӯрои Олӣ  яке аз ҳазор қаҳрамониҳои ин абармард маҳсуб мешавад. Қаблан навишта будам ва иловатан таъкид менамоям, ки дар баъзе ҳамсоякишварҳо солиёни зиёд ҷанг идома дошта, қисмате аз мамлакатҳои ҳамҷавор, бинобар надоштани шахсияте чун муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба майдони рақобати абарқудратҳо табдил ёфтаанд.

Касе наметавонад инкор кунад, ки Тоҷикистон он айём ба киштии шикаста шабеҳ буд, ки ба нохудои ҷасур ва сарсупурда ниёз дошт. Шоҳидон нақл карданд, ки шахсони дар мактаби сиёсат обутобёфта ва дар мансабҳои баланд фаъолияткарда вазифаҳои калидиро рад мекарданд. Гуфта буданд, ки: «ин Ҳукумат умри 7 — рӯза дорад».

Ҳадафи руҷӯи мазкур огоҳии  бештар пайдо намудани аҳли ҷомеа ва муътақид кардани ашхоси аз ҳама кас ва ҳама чиз норозӣ маҳсуб мешавад.  Зеро зиёд мушоҳида мегардад, ки нотавонбинони Пешво, миллат ва давлат бо меҳвар қарор донаи бечоранолӣ ва дар заминаи сафсатапароканиву афсонапардозӣ мехоҳанд  «обро лой карда, моҳӣ гиранд». Чунин «дилсӯз»-ҳо дар умрашон ягон кори хайрро анҷом надодаанд. Дороиҳояшон  «подош»-и хиёнату ҷиноятҳояш мебошад…

Таҷрибаи ҷаҳонӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки мавҷудияти мухолифони Ҳукумат дар тамоми давлатҳо падидаи маъмул буда, бо вуҷуди ихтилофи назарҳо доир ба масъалҳои ҷузъӣ, дар масоили  миллӣ  ҳукуматдорон ва мухолифин мавқеи яксон доранд.  Ҳарчанд ҳадафи ниҳоӣ дилхоҳ ҳизб расидан ба қудрат аст, вале дар ҷомеаи пешрафта дар ин ҷода аз рақобати солим ва усулҳое, ки  ба қонунгузорӣ муғойират надоранд,  кор мегиранд.

Бо ибораи дигар, дар ин давлатҳо «мухолифати сиёсӣ»  ҳаргиз ба маънои «хостори расидан ба қудрат» тафсир намешавад.  Ба ин монанд танқид низ рукни асосии фаъолияти мухолифони Ҳукумат ба ҳисоб мераваду аз зовияи далелу арқоми асоснок  ироа шуда, рабте ба афсонапардозиву сафсатпароканӣ надорад.

Мутаассифона, нотавонбинони Пешво, миллат ва давлати мо бӯе аз муқаррароти  зикршуда набурдаву бо амалҳои ғайриқонунӣ, ғайриинсонӣ ва бо дастгирии хоҷагони хориҷии худ мехостанду мехоҳанд  ба қудрат расанд.

Ин «аллома»-ҳо ба ҷои он ки дар заминаи далелҳои асоснок сиёсати Ҳукуматро ба чолиш кашанд ва гӯянд, ки шумо дар фалон маврид иштибоҳ мекунед  (агар чунин иштибоҳ ҷой дошта бошад), ба эҷоди тавтеа машғул шуданд. Агар иқдомоти амалинамудаи ин тӯдаро ба риштаи таҳлил кашем, аён мегардад, ки онҳо саропо муғризона буда, аз аҳдофи нопок маншаъ гирифтаанд.

Илова бар ин,  «муколама»-и ин ашхос, матолиби иншонамудаи думравону обсофкунакҳояшон аз лиҳози моҳият ва мазмун бамаротиб пасттар аз ғайбати «занакои лави об» аст. Ҳазёнгӯии иддаи дигар   дар зеҳн гумонро дар бобати рӯҳан носолим буданашон шакл медиҳад…

Хуб дарк менамоям, ки пешравиҳои кишвари азизи мо барои инҳо мисли кордест, ки ба гушту нохунашон расидааст,  хорест, ки муназзам ба дидагонашон мехалад ва устухонеро шабеҳ аст, ки дар гулуяшон дармонда. Табиист, ки ў бо ҳар роҳу васила мехоҳанд «интиқод» кунанд. Миёни мардум маҳбубияти зиёд доштани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боиси рашкашон аст.  Тавре тоҷикикон меғуянд, «алам карда бошад, биниашонро газанд…».

Чаро нотавонбинон эътироф ва арҷгузорӣ намекунанд, ки оғози давлатдории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба давраи мураккабу душвори гузариши мамлакат аз як сохт ба сохти дигар рост омада буд?

Магар фаромуш кардаанд, ки дар ин айёми басо ҳассос ва тақдирсоз Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи ташаккули давлатдории нав, шароити сангини ҷанги шаҳрвандӣ, харобиҳои баъд аз ҷанг ва душвориҳои дигарро паси сар мекард?

Оё метавонанд нодида гиранд ва ҳуқуқи маънавӣ доранд инкор кунанд, ки  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сарфи назар аз ҷавонии худ, дар ҷодаи сиёсат аз ин ҳодисаву воқеаҳо аз душвортарин шароиту вазъият бо сарбаландӣ берун омаданд ва ба ин васила ягонагӣ ва тамомияти давлату миллатро ҳифз карданд?

Чаро эътироф намекунанд, ки маҳз дар ин марҳилаи тақдирсоз обрӯву эътибори мавсуф афзуд ва дар ниҳоди сокинони ҷумҳурӣ эътимоду боварӣ ба роҳе, ки ин абармард интихоб кардааст, мустаҳкамтар гардид?

Нотавобинон ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонанд нодида гиранд, ки маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи ин абармард сулҳу субот, ваҳдати миллӣ дар кишвар таъмину пойдор гардид, заминаҳои воқеӣ ва мустаҳкам баҳри бунёди пояҳои давлатдории муосир ва инкишофи бемайлони ҷомеа гузошта шуд, ки боиси падид омадани як давлати воҳид, рӯ ба инкишоф ва дар низоми байналмилалӣ соҳибмақом гардид.

Ҳамзамон таҳкурсии гузариш аз як низоми сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ба низоми дигар фароҳам омад ва бо вуҷуди ҳама мушкилот давлати соҳибистиқлоламон муназзам рушд намуда истодааст ва пайванди ҷомеа бо ҷаҳони мутамаддини муосир, ки ҷавҳар ва асли онро низоми демократӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ташкил медиҳад, ба вуҷуд омад.

Дар ҳоле ки ин бузургон бо мусоидати хоҷаҳояшон пайи тахриби кишвар тасмим доранд, шаҳрвандони кишвар бо роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз имтиҳони ҷиддии таърих гузашта, баъди ҳазор сол боз аз сари нав баҳри пирӯзии Истиқлолияти давлатӣ Парчами Ватани азизамонро дар олам партавфишон намуданд, низоми давлатдориро дар мамлакат устувор сохтанд, шохаҳои ҳокимиятро таҳким бахшиданд ва дар барпо намудани давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона ба дастовардҳои беназир ноил гардида истодаанд.

Боке нест агар агар чанд нотавонбине дастовардҳоро нодида гирад. Зеро дар давоми давлатдории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳдофи созандаашон дар заминаи нияти нек ва азми қавӣ татбиқи худро ёфтанду ин раванд муттасил аст. Ин дастовардҳо боис шуданд, ки дар ҷомеа дигаргуниҳои куллӣ ба вуҷуд оянд.

Ин «ҷаноб»-ҳо мунтазам кишвари моро бо дигар давлатҳо муқоиса намуда, солиёни зиёд сари қудрат будани як нафарро далел барои паст шудани обрӯи миллат дар арсаи байналмилалӣ «арзёбӣ» мекунанд. Гӯё намедонанд, ки дар кишварҳое, ки барои «демократия»-ашон оби даҳонашон мешорад, аз ҷумла, ИМА  садсолаҳо инҷониб «намоянда»-гони як гурӯҳ давлатро сарварӣ мекунанд.

Садҳо далел мавҷуд аст, ки дар хориҷ аз кишвар низ кори нотавонбинон «аз гиря гузаштаасту ба он механданд». Биноан, аз ҳилаҳои нав кор мегиранд ва дар заминаи бечораноливу афсонапардозӣ тасмим доранд мардумро гумроҳ кунанд. Хестед, ки хобед!!!

Амалкарди ин қабил аз он гувоҳӣ медиҳад, ки дар хориҷ аз кишвар қарор доштану зидди Тоҷикистон шиорпароканашон маҳз  бо кӯмаки хадамоти махсуси  кишварҳои манфиатдор имконпазир гардидааст. Як назари сатҳӣ кифоя аст то муътақид гардем, ки нотавонбинон комилан дар банди хурофоту таассуб қарор дошта, ҳамеша ҷонибдори ба минтақаҳо ҷудо намудан ва таҳмили ҷанг ба  давлатамон  мебошанд. Ба ибораи дигар, ин қабил ҳама вақт дар фикри амалӣ кардани ҳадафҳои муғризонаи худ буданду ҳастанд .

Ҳувияти миллӣ аз арзишҳои олии инсонӣ маҳсуб шуда, дар сурати аз даст додани он шахс аз муқаддасоти дигари инсонӣ низ орӣ шуда, қодир аст аҳдофи муғризонаи хоҷаҳояшро татбиқ ва андешаҳои сафсатаомезашонро талқину таҳмил намояд.

Зиндагиву «фаъолият»-и ин «бузургон» «як бому ду ҳаво»-ро монанд аст. Мунтазам аз эҳтиром қоил будан ба арзишҳои милливу инсонӣ ҳарф мезананд, вале дар асл ин муқаддасот  барояшон як фулус арзиш надорад.  Ба тамоми баҳсу қазия, ки ба кишвари мо рабт дорад,  «равған мерезанд»-у  мехоҳанд дар замони «ҳафт шаҳри ишқро гаштани Аттор» моро  «андар хами як кӯча қарор диҳанд».

Ин тоифа гўё намедонанд, ки дар солҳои навадуми асри гузашта бо ҷурми онҳо ва «доҳӣ»-ҳояшон ҳуқуқу озодиҳои сокинони Тоҷикистонро маҳдуд ва ба хотири «дигарандешӣ» қисме аз онҳо қатлу беватан шуданд.

Бидуни шубҳа ин «дилсўзон»-и миллати тоҷик барои ба вуҷуд омадани нооромӣ  ҳавасманданд.  Барояшон бефарқ аст, ки дар ин сурат нафарони зиёде ба мотам мешинанд ва фарзандони ятиммондаи тоҷикро  на дигарон,  балки модаронашон  бо оби чашм ба воя хоҳанд расонд.

Ҳама медонанд, ки (ҳатто онҳое, ки  вонамуд мекунанд, ки намедонанд) нотавонбинони мавриди назар тасмими бо роҳи ғайриқонунӣ расидан ба қудратро доштанд. Биноан, аз имконоти фароҳамбуда суиистифода карда, бозии хатарнокро оғоз карданд. Таассуб, каҷфаҳмӣ, пайгирии манфиатҳои маҳаллию гурӯҳӣ ва боз иллатҳои дигари зиёде дар кишвари ба тозагӣ истиқлолият бадастовардаи мо асоси ҷанги шаҳрвандиро гузоштанд, ки оташи он ҳаёти ҳазорон ҳамватанони моро ба коми худ кашид, Ватан хароб шудаву тамомияти марзии кишвар зери хатар қарор гирифт.

Зарур ва ногузир аст, ки насли ҷавон аз ҳодисаҳои фалокатбори ибтидои солҳои навадуми қарни рафта сабақ гиранд. Фаромуш накунанд, ки солҳои навадуми асри гузашта давлати мо, ки бо заҳмати миёншикан, бо устуворию матонати ҳайратовари намояндагони тамоми маҳаллу манотиқи ҷумҳурӣ ободу корам ва шукуфон шуда, шуҳрати хоса касб карда буд, ба саҳрои ваҳшоният ва маъвои бераҳмию бешафқатӣ табдил ёфт.

Аз ҷониби дигар, таҳаввулоти охири ҷаҳони муосир, ки пора-пора гардидани давлатҳои мутараққӣ, заволи иқтисоди миллӣ, кушта шудани нафарони бегуноҳ, зуҳури гурӯҳҳои ифротгаро ва ғайра аз  ҳамон ҷумлаанд, ҳушдор медиҳанд, ки барои пойдор нигоҳ доштани сулҳу субот дар ҷомеа, таҳкими Ваҳдати миллӣ ва таъмини ҳаёти осоиштаи халқамон ҳамеша ҳушёру омода бошем.

Муҳим он аст, ки ба ҳама пешравӣ воқеъбинона ва бидуни тамаллуқ  баҳогузорӣ кунем, таҳаввулот дар фарҳанги сиёсӣ, афкори ҷомеа, инчунин тағйироти куллӣ дар рӯҳия ва афкори оммаро эътироф ва арҷгузорӣ намоем.

Ба нотавонбинон бошад, бо иқтибос аз Саъдии Шерозӣ чунин тавсия медиҳам:

Бимир, то бираҳӣ ай ҳасуд к-ин ранҷест,
Ки аз машаққати он ҷуз ба марг натвон раст.

 

 

Далер МЕРГАНОВ,
муовини Сармуҳаррири рӯзномаи
«Садои мардум»

Июль 8, 2020 15:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Вобаста ба вазъияти фавқулода, низоъҳо ва ҳамоҳангии иҷтимоӣ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Гурӯҳи кории Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо фаъолияти Департаменти адлияи Ирландия шинос шуд
Мулоқоти ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ доир шуд
Дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки гурӯҳҳои корӣ ҷаласа баргузор шуд
Прокуратураи генералӣ: «Худ ва наздиконатонро аз ҳамлаҳои хакерӣ эмин нигоҳ доред!»
Дар шаҳри Москва бо афсарону курсантони тоҷик вохӯрӣ доир шуд
Ҷаласаи кумитаи роҳбарикунандаи Барномаи Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Нақшаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Ҷаласаи мушовараи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Русия баргузор гардид
Дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши идона доир гардид
САВГАНДИ ҲАРБӢ. Дар қисмҳои ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ маросими қасамёдкунӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Ҳиндустон мулоқот намуд