Боздиди гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз иншооти ҷашнӣ дар шаҳри Хоруғи ВМКБ

Июль 15, 2020 08:31

ДУШАНБЕ, 15.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода дар ҷараёни боздиди корӣ аз ВМКБ аз рафти корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар маркази вилоят шинос гардид. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Роҳбари ҳайати гурӯҳи кориро дар ин сафар Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода, муовини роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодирзода Саъдӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ намуданд.

Сараввал  боздиди корӣ аз майдони фурудгоҳи ҳавоии шаҳри Хоруғ оғоз гардида, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонзода барои таъмири қисматҳои харобгаштаи фурудгоҳ ва асфалтпӯш намудани онҳо, инчунин аз нав рангубор намудани аломатҳо ва панҷараи фурудгоҳ дастурҳои мушаххас дод.

Ҳамчунин, гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири дар сатҳу сифати баланд ба истифода додани иншооти таъйиноти иҷтимоӣ дар шаҳри Хоруғ аз маркази савдои навбунёд воқеъ дар бозори «20-солагии Истиқлолият» дидан намуд. Бояд гуфт, ки дар ин мавзеъ бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ сохтмони маркази савдои сетабақа идома дошта, қарор аст, ки дар остонаи ҷашни Истиклолияти миллӣ ин бино ба сифати чорумин маркази тиҷоратӣ дар шаҳри Хоруғ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шавад. Ба тартиб даровардани атрофи Маркази савдои навбунёд, асфалтпӯш намудани майдончаи атрофи бино ва чароғонкунии беруни бино то баромадан ба роҳи асосӣ аз масъалаҳои ҳалталаб ном бурда шуданд.

Қобили  зикр аст, ки дар ҳудуди бозори «20-солагии Истиқлолият» ҳамчунин коргоҳи дӯзандагӣ бо ҷалби 45 нафар бонувону ҷавондухтарон дар пешорӯи ҷашни истиқлолияти давлатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт. Бунёди коргоҳи мазкур низ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ ба роҳ монда шуда, барои фаъолияти пурсамар ва фароҳам овардани рушди соҳибкорӣ дар ин гӯшаи кишвар намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон миннатдории  хосро ба бунёдкорон баён намуд.

Абдуҷаббор Раҳмонзода зимни боздид аз иншооти ҷашнии шаҳри Хоруғ аз маҳалли сохмтони пули мошингузари маҳаллаи «Селхозтехника» дидан кард. Гуфтанист, ки бо мақсади коҳиши танбашавӣ дар хатсайриҳои шаҳри Хоруғ бо ҳидояти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди сеюмин пули калони мошингузар бар фарози рӯдхонаи Ғунд дар шаҳри Хоруғ дар назар дошта шудааст. Тибқи лоиҳа дарозии пул беш аз 200 метр буда, он дар маркази вилоят нахустин пули мошингузари замонавӣ мебошад.

Бо дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ ҳамчунин сохтмони бинои филиали рақами 66-и Бонки давлатии амонатгузории ҷумҳурӣ «Амонатбонк» оғоз гардида, аллакай 65 фисади корҳои бо ҷалби зиёда аз 50 нафар коргар ҷараён дорад. Бинои бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» иншооти ҷашнӣ буда, дар арафи таҷлили сазовор аз ҷашни Истиқлолияти давлатӣ мавриди истифодабарӣ қарор хоҳад гирифт. Тибқи лоиҳа бинои мазкур чорошёна буда, аз маҷлисгох, шуъбаҳо ва қисми амалиётиву утоқҳои махсуси корӣ иборат мебошад. Фармоишгари ин сохтмон худи бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ба ҳисоб меравад.

Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Абдуҷаббор Раҳмонзода бо ҷараёни сохтмони Театри миллӣ дар шаҳри Хоруғ аз наздик ошно гардида, барои ба тартиб даровардани роҳравҳо ва майдончаҳои атрофи бинои Театр масъулини сохтмониро муваззаф намуд, ки дар асоси тарҳи меъмориву шаҳрсозӣ ҳудуди Театри миллиро пурра азнавсозӣ намоянд. Зикр карда шуд, ки Театри мазкур барои 1000 ҷойи нишаст пешбинӣ гардида, маблағи сохтмони он баробар ба 37 миллион сомонӣ мебошад, ки айни ҳол қариб 90 фоизи ин маблағ азхуд карда шудаст.

Мавриди зикр аст, ки  дар остонаи ҷашни миллӣ қарор аст, ки дар майдони Исмоилии Сомонии шаҳри Хоруғ дар баробари парчами давлатӣ ҳамчунин Нишони миллӣ, яке аз муқаддасоти дигари миллӣ низ бунёд карда шавад. Фармоишгари Нишони миллӣ ҶДММ «Талко Менеҷмент» буда, паймонкори ин сохтмон ЧДММ «Бунёд» — як ширкати сохтмонии маҳаллӣ мебошад. Ин тарҳ низ дар қатори дигар иншооти ҷашнӣ қарор гирифта, гурӯҳи кории ҳукуматӣ аз рафти корҳои сохтмонӣ дидан намуданд.

Дар баробари ин, корҳои бунёдӣ дар бинои муассисаи таълимии рақами 8-уми шаҳри Хоруғ бомаром ҷараён гирифта, барои бунёди бинои таълимии ин иншоот аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 миллон сомонӣ ҷудо гардидаст, ки аллакай 85 фоизи корҳо дар бинои якум ба итмом расонида шудааст. Ин иншоот барои 640 нафар хонанда бо тамоми шароитҳои лозимӣ пешбинӣ гардида, он аз се ошёна ва се бинои асосии таълимӣ иборат мебошад. Корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот аз моҳи июни соли 2019 оғоз гардиданд. Дар марҳилаи якум аз рӯи лоиҳаи пешбинигардида, аз тарафи дирексияи сохтмони иншооти Ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст. Бинокорон бо масолеҳи сохтмонӣ пурра таъмин буда, аллакай ҳаҷми муайяни корҳои бунёдӣ анҷом дода шуданд. Паймонкори ин иншоот ҶДММ «Шариф ШС» буда, сохтмончиён ба корҳои сохтмонӣ машғул мебошанд.

Гурӯҳи корӣ баъди боздид аз ин иншоот аз Боғи набототи Помир, ки аз миёни баландтарин боғҳои ҷаҳон ба шумор меравад, дидан намуданд. Барои ҳифзи зебогии боғ супориш дода шуд, ки муҳаррики обкаш барои шодоб намудани гулу дарахтони ин боғ харидорӣ ва дастраси маъмурияти боғ гардонида шавад. Таъмири роҳравҳо ва бунёди дигар инфрасохтори зарурӣ барои боз ҳам зеботар гардонидани ин макони тамошобоб супоришҳои ҷиддӣ дода шуданд.

Давоми ду соли охир бо дастуру супоришҳои роҳбарияти олии мамлакат дар маркази вилоят шаҳри Хоруғ аз ҷониби Федератсияи футболи Тоҷикистон се майдончаи муосири варзишӣ сохта ва мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Ҳоло низ ба истиқболи солгарди навбатии Истиқлолияти давлатӣ тибқи нақшаи Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон дар маҳаллаҳои шаҳри Хоруғ сохтмони 8 майдончаи варзишӣ ҷараён дорад, ки ду адади онҳо бо маблағгузории Дирексияи сохтмони иншоотҳои Ҳукуматии Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаш майдончаи дигар бо дастгирии шарикони рушд бунёд шуда истодаанд. Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Абдуҷабор Раҳмонзода сохтмони ин майдончаи муосири варзишии махаллаи Тирчидро мавриди санҷиш қарор дода, барои бо сифати баланд ба истифода додани он ба масъулини шаҳрдорӣ супоришҳои иловагӣ дод.

 

АКСҲО аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ

Июль 15, 2020 08:31

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хоруғ Маркази стоматологӣ кушода шуд
Дар Хуҷанд якчанд иншооти хизматрасонӣ ба истифода дода шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи «Сайри Суғд»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маркази нейро-кардию эндоҷарроҳии «Луқмони Ҳаким»-ро мавриди истифода қарор доданд
Дар деҳоти Исфисори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров варзишгоҳи бузург бо 7000 ҷойи нишаст ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Истаравшан Маркази саломатӣ ба истифода дода шуд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Муассисаи давлатии мактаби махсуси варзишӣ оид ба футболро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи истеҳсоли пойафзоли ҶДММ «Фароғатбону»-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи парандапарварии ҶДММ «Назар»-ро ифтитоҳ намуданд