COVID-19. Дар ҷаҳон дар як шабонарӯз зиёда аз 220 ҳазор нафар гирифтори коронавирус шудаанд

Июль 20, 2020 10:59

ДУШАНБЕ, 20.07.2020 /АМИТ «Ховар» /. Тибқи маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ), ки субҳи 20 июл нашр шудааст, давоми як шабонарӯзи охир шумораи ҳолатҳои тасдиқшудаи сироятшавӣ аз коронавируси нав дар ҷаҳон беш аз 220 ҳазор нафар ва фавтидагон беш аз 4,3 ҳазор нафар зиёд гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Ба ҳолати соати 9:00-и 20 июл (ба вақти Душанбе) дар ҷаҳон 14 645 947 сироят (+220 073 дар як шабонарӯз) ва 608 942 фавт (+4 316 дар як шабонарӯз) ба қайд гирифта шуд. Як рӯз пеш 224 273 ҳолати сироятшавӣ ва 5 011 фавт ошкор гардида буд.

Минтақаи Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ аз рӯи миқдори мубталоён дар ҷойи аввал мебошад – 7 376 748 (+70 377). Шумораи ҳолатҳои фавт дар он 2 777 нафар зиёд шуда, ба 305 285 нафар расидааст. Дар Аврупо 3 060 525 сироятёфта ва 206 965 фавт ба қайд гирифта шудааст. Дар муддати 24 соат шумораи мубталоён 18 195 ва ҳолатҳои фавт — 281 нафар афзудааст.

Мавқеи сеюмро дар ҷаҳон аз рӯи шумораи сироятёфтагон Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ишғол мекунад. Дар он ҷо шумораи мубталоён ба 1 391 407 расида, 33 543 фавт ба қайд гирифта шудааст. Давоми шабонарӯзи гузашта мубталоён 43 453 нафар зиёд шуда, 636 нафар фавтидаанд.

Шумораи зиёди ҳолатҳои сироятёбӣ дар ИМА ба қайд гирифта шудаанд — 3 898 550. Баъдан Бразилия (2 099 896), Ҳиндустон (1 118 107), Россия (771 546), Африқои Ҷанубӣ (364 328), Перу (353 590), Мексика (344 224) , Чили (330 930), Испания (307 335) ва Британияи Кабир (294 792) меистанд.

 

АКС аз Russian.rt.com

Июль 20, 2020 10:59

Хабарҳои дигари ин бахш

35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»