COVID-19. Дар Тоҷикистон шумораи гирифторони коронавируси нав ба 6921 нафар расид

Июль 20, 2020 18:33

ДУШАНБЕ, 20.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Шабонарӯзи гузашта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 43 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ошкор гардида, шумораи онҳо дар муддати аз 30 апрел то 20 июл ба 6921 нафар расид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, то имрӯз дар мамлакат 5629 нафар ё худ 81,3%-и гирифторони COVID-19 шифо ёфта, аз ин беморӣ 57 нафар фавтидаанд.

«Шабонарӯзи охир 160 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 51 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд», — илова намуданд аз маркази матбуоти вазорат.

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

Имрӯзҳо дар 85 беморхонаи ҷумҳурӣ зиёда аз 7 ҳазору 500 табиб ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиб сафарбар шудаанд. Ба ғайр аз ин, дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ҷумҳурӣ 7 ҳазору 600 табиб ва зиёда аз 24 ҳазор корманди миёнаи соҳаи тиб бо мақсади дарёфт, пешгирӣ ва расонидани кумаки аввалия ба мардум хизмат мерасонанд.

 

АКС аз манобеи боз

Июль 20, 2020 18:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Тоҷикистон: «Ҷашни Наврӯз ва истиқлолу озодӣ – ин ду мафҳуми барои ҳар яки мо азизу муқаддас аст»
«КАЪБА ЧӢ МЕРАВӢ, ДИЛЕРО ДАРЁБ…». Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
Пешвои миллат: «Боиси ифтихор аст, ки Наврӯз – калимаи асили тоҷикӣ, яъне «рӯзи нав» ҳоло барои миллионҳо аҳолии сайёра ҳамчун рӯзи ҷашни фархунда вирди забон аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯз аз ҷумлаи бузургтарин ва маҳбубтарин ҷашнҳои тоҷикон мебошад»
СИЁСИШАВИИ ДИН — ХАТАР БА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ ВА СУБОТИ ҶОМЕА. Андешаҳои профессор Нозим Маҳмадизода дар ин мавзуъ
Президенти Тоҷикистон: «Бо назардошти шароити замона анъанаи неки гузаштагон – сарфаю сариштакориро бояд риоя намоем»
Сулаймон Талбакзода: «Дарси хештаншиносӣ ва хизмат ба халқу Ватанро аз Пешвои миллат бояд омӯзем»
Президенти Тоҷикистон: «Мушкилоти таъмини аҳолии сайёра бо озуқаворӣ моро водор менамояд, ки ҳар қитъа заминро оқилонаву самаранок истифода барем»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Ойинҳои наврӯзӣ аҳли башарро ба таҳаммулгароӣ, бунёдкориву созандагӣ ҳидоят менамоянд»
Пешвои миллат: «Дар шароити кунунӣ зарур аст, ки ба кишти такрорӣ, гирифтани се – чор ҳосил аз заминҳои обӣ эътибори аввалиндараҷа дода шавад»
Наврӯз дар баробари забони тоҷикӣ бунёди худшиносии тоҷиконро низ ташаккул додааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Мақому ҷойгоҳи Наврӯз он қадар баланд буд, ки ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад»