COVID-19: САЙЁҲӢ ДАР ДАВРАИ ПАСОБУҲРОНӢ. Андешаҳои кормандони Кумитаи рушди сайёҳӣ роҷеъ ба ин мавзӯъ

Июль 25, 2020 10:40

ДУШАНБЕ, 25.07.2020. /АМИТ «Ховар»/. Мусаллам аст, ки хурӯҷи бемории ҳамагири COVID-19,  пеш аз ҳама, ба соҳаи сайёҳӣ таъсири манфӣ расонид. Тибқи омори расмии Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ имрӯзҳо дар ҷаҳон беш аз 50 миллион нафар, ки ба таври доимӣ ва ё мавсимӣ дар бахшҳои гуногуни соҳаи сайёҳӣ фаъолият мекарданд, бекор монданд. Коршиносон зикр  менамоянд, ки даромади сайёҳии ҷаҳонӣ (сафар ва саёҳат, хизматрасонӣ, парвозҳо, меҳмонхонадорӣ ва ғ.) соли 2020 нисбат ба солҳои пеш 70% ва ё 1 триллион доллари амрикоӣ кам мешавад. Ҳоло ин рақам 600 миллиард доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Чунин нигоштаанд мудири бахши муносибатҳои байналмилалии Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Имомназар ИМОМОВ ва мутахассиси ин бахш Умед ИСҲОҚЗОДА дар як маводи худ, ки ба унвони АМИТ «Ховар» ирсол кардаанд.

Дар идома муаллифони мавод чунин ибрози назар намудаанд:

ДАР АКС: Муаллифон аз чап ба рост Умед ИСҲОКЗОДА ва Имомназар ИМОМОВ

— Марҳила ба марҳила давраи буҳрони шиддати коронавирус ба поён  мерасад. Баргаштани мардум ба ҳаёти муқаррарӣ имкон медиҳад, то субъектҳои соҳаи сайёҳӣ аз нав ба фаъолият оғоз намоянд. Вале  ҳодисоти чанд моҳи охир ва пешгӯиҳои коршиносон ва ояндаи наздикро ба инобат гирифта, хулоса баровардан мумкин аст, ки дар 1-2 соли оянда соҳаи сайёҳӣ танҳо марҳилаи барқароршавӣ ва рафъи оқибатҳои ин буҳронро аз сар мегузаронад. Ин давраро метавон шартан “давраи пасобуҳронӣ” номид.

Дар давраи пасобуҳронӣ фаъолияти соҳаи сайёҳӣ чӣ тавр бояд ба роҳ монда шавад? Талабот ба хизматрасонӣ ва  саёҳат чӣ гуна мешавад? Сайёҳ чӣ мехоҳад? Чӣ имкониятҳо дорад? Чӣ  тадбирҳо андешида шуданд? Андешидани боз кадом тадбирҳои иловагӣ барои ҷалби ҳар чӣ бештари сайёҳон зарур аст?…ин ва дигар саволҳое ҳастанд, ки моро ба умқи фикр фурӯ мебаранд.

Барои хуб ба роҳ мондани фаъолияти соҳаи сайёҳӣ дар давраи пасобуҳронӣ ду омили бисёр муҳим — пешниҳоди имтиёзу сабукиҳо ба бахши хусусӣ ва мониторинги ҷараёни иҷрои имтиёзҳои пешниҳодгардида мавҷуд аст.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҷиҳати дастгирии соҳаҳои гуногун, аз ҷумла сайёҳӣ дар давраи буҳронӣ ва пасобуҳронӣ тадбирҳои зарурӣ андешида истодааст. Тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии СOVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 5 июни соли 2020 ба иншооти соҳаи сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо, ташкилоти хӯроки умумӣ, марказҳои саломатию варзишӣ, осоишгоҳҳо, ҳамлу нақли мусофиркашонии байналмилалӣ ва аэронавигатсия таътили пардохтҳои андозӣ пешбинӣ гардид ва ҳисобкунии фоизҳо барои сари вақт пардохт нагардидани андозҳо барои ҳамин давра манъ карда шуд. Пешниҳод гардидани чунин имтиёзҳо бозгӯ аз сиёсати хирадмандона ва ғамхоронаи Сарвари давлат ба соҳаи сайёҳӣ буда, субъектҳои соҳаи сайёҳиро зарур аст, ки имкониятҳои мусоиди фароҳамгардидаро самаранок истифода баранд.  Имтиёзҳои мазкур имкон медиҳанд, то субъектҳои хизматрасонии соҳаи сайёҳӣ дар давраи шиддати COVID-19 аз ҳолати варшикастагӣ эмин монда, дар давраи пасобуҳронӣ фаъолияти худро аз нав оғоз намоянд.

Варшикаста нашудан ва аз сари нав оғоз намудани фаъолият худ аввалин муваффақият дар давраи буҳронӣ мебошад. Қадами дуюм дуруст ба роҳ мондани фаъолият тибқи талаботи сайёҳон дар доираи имкониятҳо мебошад.

Дар давраи пасобуҳронӣ талаботи гардишгарон ба сафар ва саёҳат тағйир меёбад, ки сабабҳои худро дорад:

  1. Вазъияти молиявии сайёҳон.

Дар давраи авҷи бемории ҳамагири COVID-19 аксар одамон ё бекор монданд ва ё ба рухсатии бемузд рафтанд. Аз ин рӯ, дар давраи пасобуҳронӣ имкониятҳои молиявии онҳо маҳдуд мегардад. Инро дар мисоли Федератсияи Россия, ки шаҳрвандонаш дар раддаи давлатҳои аз ҳама бештар ба кишвари мо чун сайёҳ ташрифоваранда қарор дорад, дидан мумкин аст. Тибқи пурсишҳое, ки дар давраи хурӯҷи коронавирус гузаронида шуданд, 36% пурсидашудагон аз Федератсияи Россия зикр намуданд, ки дар давраи пасобуҳронӣ имкони мисли пеш сарф кардани маблағ барои сайёҳӣ ва сафарро надоранд. Ҳамзамон 70% махсус зикр намудаанд, ки барои имсол хароҷоти сафару саёҳатро кам карданианд. Дар ин росто, субъектҳои хизматрасонии соҳаи сайёҳӣ, ба вижа ширкатҳои сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо ва ширкатҳои ҳавоиро мебояд, ки ин омилҳоро ба назар гирифта, барои сайёҳон тахфифҳо (аз 30% то 60%) пешниҳод намоянд. Чун айни ҳол сайёҳон бештар хоҳиши сафар ба минтақаҳоеро доранд, ки нархи хизматрасониҳои сайёҳӣ арзонтару дастрас мебошад. Ҳоло дар бештари кишварҳо (Чин, Италия, Мексика, давлатҳои ҷазиравӣ) субъектҳои хизматрасонии соҳаи сайёҳӣ аз рӯи шиори  “1 доллар аз 3 сайёҳ, на 1 доллар аз 1 сайёҳ” амал карда истодаанд. Зеро ҷалби бештари сайёҳон дар ин давра шумораи сайёҳони потенсиалиро дар солҳои минбаъда афзун мегардонад.

  1. Амнияти сайёҳ.

Тибқи таҳлилҳои ҳамтоёни хориҷиамон, агар солҳои пеш сайёҳон ҳангоми сафар ва саёҳат бештар ба ҷанбаҳои шароити будубош ва хизматрасонӣ таваҷҷуҳ мекарданд, ҳоло барои онҳо дар мадди аввал омили амният ва бехатарӣ меистад (мутаносибан 18-22% солҳои қаблӣ,  38-40% айни замон). Сайёҳон нияти саёҳат танҳо ба он кишварҳоеро доранд, ки барои онҳо амнияти пурра таъмин карда мешавад.  Ин ҷо зери мафҳуми “амният” на фақат таъмини бехатарӣ, балки орӣ будани кишвар аз ҳар гуна таҳдидҳо ва бемориҳо низ дар назар аст. Соли 2019 рӯзномаи машҳури “Ню-Йорк Таймс” Тоҷикистонро дар қатори амнтарин кишварҳои сайёҳӣ ҷой дод. Дар ин росто, субъектҳои хизматрасонии соҳа метавонанд, ки бо тарғиб намудани Тоҷикистон ҳамчун кишвари амн ва орӣ аз ҳар гуна таҳдидҳо самти “сайёҳии бехатар”-ро барои сайёҳон пешниҳод намоянд. Ҳамзамон ташкили долонҳои бехатарӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ барои санҷиши ташрифоварандагон дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва фурудгоҳҳо, таъмини онҳо бо лавозимоти зарурии тиббӣ дар давраи пасобуҳронӣ муҳим аст. Дар ин самт низ диққат додан ба манфиати кор хоҳад буд.

  1. Рушди сайёҳии дохилӣ.

Доман паҳн намудани бемории ҳамагири COVID-19 бори дигар собит намуд, ки бахши хусусӣ ва ҳам давлат бояд, пеш аз ҳама, ба сайёҳии дохилӣ ва рушди он таваҷҷуҳ намоянд ва шароит фароҳам оранд. Зеро ҳангоми баста будани сарҳадҳо ва парвозҳо ягона самте, ки субъектҳои хизматрасон фаъолият карда метавонанд, сайёҳии дохилӣ аст. Равнақ додани сайёҳии дохилӣ имкон медиҳад, ки шаҳрвандон аз як минтақа ба минтақаи дигар сафар намуда, бо зебоиҳои диёри хеш шинос шаванд, фарҳанг, таърих ва урфу одатҳои халқи худро омӯзанд. Ин дар рӯҳи онҳо ғояҳои ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ ва дӯстию ваҳдатро ҷо мекунад.

Ҳамзамон бояд ба назар гирифт, ки ҳатто дар давраи пасобуҳронӣ ва пастшавии шиддати паҳншавии коронавирус баъзе кишварҳо барои амнияти шаҳрвандонашон сафар ба кишварҳои дигарро маҳдуд менамоянд. Таваҷҷуҳ ба сайёҳии дохилӣ ширкатҳои сайёҳиро бо мизоҷони доимӣ таъмин менамояд ва барои сабуктар гузаронидани шиддати буҳрон мусоидат менамояд. Инчунин ҳангоми сафари шаҳрвандон аз як минтақа ба минтақаи дигар маблағи сарфшаванда дар дохили давлат боқӣ мемонад ва барои нигоҳ доштани қурби асъори миллӣ дар ин давраи мушкил кумак мекунад. Барои рушди сайёҳии дохилӣ дар мамлакати мо ҳама имкониятҳо мавҷуд аст. Қонун “Дар бораи сайёҳии дохилӣ” ва Стратегияи рушди сайёҳӣ барои то соли 2030 тамоми заминаҳоро барои рушди ин самти судманди соҳа танзим намудааст.

Яке аз тадбирҳои муҳиме, ки дар давраи пасобуҳронӣ барои муназзам фаъолият намудани субъектҳои хизматрасонӣ мусоидат мекунад, ҷалби маблағҳо ба соҳа мебошад. Давраи пасобуҳронӣ барои ҳамаи соҳаҳо мушкил хоҳад буд. Хусусан, субъектҳои хизматрасонии соҳаи сайёҳӣ, ки муддати зиёд фаъолият накарданд, барои пешбурди фаъолияти худ ва тезтар барқарор кардани он ба малбағ ниёз пайдо мекунанд. Бонкҳо низ, ки дар давраи пандемия бо сабаби таътилҳои андозӣ натавонистанд бо имконияти том фаъолият кунанд, дар ин вақт барои пайдо намудани мизоҷон ҳаракат мекунанд. Дар ҳолати пешниҳод намудани қарзҳои имтиёзнок ба субъектҳои хизматрасонии соҳаи сайёҳӣ аз ҷониби бонкҳо, онҳо метавонанд, ки зиёнҳои худро сари вақт барқарор намуда, барои сайёҳон бастаҳои нави хизматрасонӣ пешниҳод намоянд ва ташаббуси бонкҳо ба рушди соҳаи сайёҳӣ зиёдтар шуда, онҳо ба бозори нави даромаднок ва дорои дурнамои хуб ворид гарданд.

Тадбири дигаре, ки дар ин давра пеш гирифтан зарур аст, таваҷҷуҳи бештар ба корҳои таблиғотию ташвиқотӣ мебошад. Асри ХХI асри иттилоот ва технологияҳои нав аст. Танҳо маҳдуд шудан бо телевизион ва рӯзномаю маҷаллаҳо, хусусан барои пешбурди фаъолияти сайёҳӣ ба қадри кофӣ самарабахш нест. Шеваи кор дар ин самт дигаргунӣ тақозо менамояд. Тарғибу ташвиқи васеи имкониятҳои сайёҳӣ, хизматрасониҳо, зарфиятҳои сафар ва саёҳат ба кишвари мо, ба вижа бо забонҳои хориҷӣ  дар сомонаҳои иҷтимоӣ барои ҷалби бештари сайёҳон ба Тоҷикистон мусоидат менамояд. Бар замми ин, корҳои тарғиботӣ дар сомонаҳои иҷтимоӣ камхарҷ аст ва шумораи зиёди истифодабарандагонро фаро мегирад. Чун имрӯз аксарият иттилооти аввалинро аз сомонаҳои иҷтимоӣ ҷустуҷӯ мекунанд. Тарғибу ташвиқи дучанд ва нишон дода тавонистани зарфиятҳои сайёҳии Тоҷикистон сабаба афзудани шумораи сайёҳон ба мамлакат  мешавад.

Ҳолатҳои фавқулода ва буҳронҳо барои пешбурд ва таҳлили соҳа аз як ҷиҳат сабақи хуб буда, фурсат медиҳанд, ки қонунҳо ва стратегияҳои ҷорӣ бозбинӣ карда шаванд ва самтҳои афзалиятноки фаъолият муайян гарданд. Аз ин рӯ, истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда шароит фароҳам меоранд, ки субъектҳои соҳаи сайёҳӣ дар давраи пасобуҳронӣ фаъолияти худро дигаргун сохта, ба бозорҳои нави сайёҳӣ роҳ ёбанд.

Июль 25, 2020 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазири энергетика ва захираҳои об: «Воридоти маҳсулоти нафтӣ ба ҷумҳурӣ дар соли равон афзудааст»
Намояндагони Бонки ҷаҳонӣ ба Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар Душанбе даъват гардиданд
«ПОМИРИНВЕСТ – 2024». Дар давоми ду соли баргузории ин Форуми байналмилалӣ ба иқтисоди ВМКБ беш аз 2 миллиард сомонӣ сармоя ворид гардид
Имрӯз дар шаҳри Хоруғ Форуми байналмилалии «Помиринвест -2024» оғоз гардид
Дар Душанбе вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди бозори коғазҳои қиматнок баррасӣ шуд
Барои сохтмони НБО-и «Себзор» аз ҷониби Бонки Олмонии рушд беш аз 44 миллион евро грант ҷудо мегардад
Дар Душанбе мулоқоти намояндагони ширкатҳои дорусозии Ҳиндустон бо соҳибкорони тоҷик баргузор гардид
Дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид нишасти Гурӯҳи дӯстони пиряхҳо баргузор гардид
Дар Тоҷикистон дар соҳаи энергетика 11 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ татбиқ мешавад
То охири соли равон 900 гектар заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда барқарор мегардад
Тоҷикистон дар шаш моҳи соли равон беш аз 131 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот намудааст
СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шудааст