Дар Душанбе директори АМИТ «Ховар» бо котиби дуюми Сафорати Ҳиндустон мулоқот намуд

Июль 8, 2020 16:00

ДУШАНБЕ, 08.07.2020. /АМИТ «Ховар»/. 8 июл дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявии «Ховар» директори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» Саидалӣ Сиддиқ бо котиби дуюм — масъули масъалаҳои сиёсӣ ва иттилоотии Сафорати Ҳиндустон дар Душанбе хонум Манита Кумари мулоқот намуд.

Дар оғози мулоқот С. Сиддиқ доир ба рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Ҳиндустон, моҳияти сиёсати «дарҳои боз»-и Роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши ВАО дар таҳкими муносибатҳои байнидавлатӣ, аз ҷумла имкониятҳои сомонаи АМИТ «Ховар» ва Радиои «ҒM-Ховар» ба сифати хабаргузории марказии иттилоотӣ дар инъикоси хабару гузоришҳои марбут ба Тоҷикистон ва Ҳиндустон, муаррифии имкониятҳои мавҷуда дар таҳкими ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои  иқтисодӣ, илмӣ-фарҳангӣ, сайёҳӣ ва ғайра мухтасаран ибрози назар кард.


Дар навбати худ хонум Манита Кумари бо арзи сипос аз мулоқоти суратгирифта омодагии ҷониби сафорат ва дар маҷмӯъ, кишварашро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкории фаъол дар самти иттилоърасонӣ ва муаррифии кишвараш ба мардуми Тоҷикистон баён дошт.

Номбурда ҳамчунин зикр кард, ки ҷониби Ҳиндустон барои рушди ҳамкории дуҷониба дар ҳама самтҳо омода буда, баҳри ноил шудан ба натиҷаҳои назаррас сафорат талоши худро ба таври васеъ ба роҳ мондааст.

Бино ба гуфтаи котиби дуюми Сафорати Ҳиндустон, масъулини кишвараш раисии Тоҷикистонро дар Созмони Ҳамкории Шанхай дар соли оянда ва баргузор шудани ҷаласаи навбатии ҷашнии сарони кишварҳои аъзоро дар Душанбе дар соли 2021 (СҲШ 20-сола мешавад) нишонаи эътимоди баланд ба мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин созмони бонуфуз медонанд ва умед доранд, ки Ҳиндустон намояндаи худро дар ин чорабинӣ дар сатҳи олӣ таъмин менамояд.

Ҷонибҳо ҳамчунин изҳори умед карданд, ки барқарор гардидани робитаи дуҷониба байни АМИТ «Ховар» ва мақомоти марказии иттилоърасонии ҷониби Ҳиндустон метавонад дар инкишофи минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба нақши муассир дошта бошад.

Июль 8, 2020 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Женева оид ба раванди иҷрои муқаррароти Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак гузориш пешниҳод намуд
Дар Женева 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро бо тантана ҷашн гирифт
Намояндаи Тоҷикистон дар амалиёти байналмилалии зидди маводи мухаддири Созмони ҳамкории Шанхай «Тор» иштирок намуд
Дар Анқара ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир гардид
Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ: 35 соли дӯстӣ ба сӯи шарикии оянда
ТОҶИКИСТОН ВА КОРЕЯ — ДАР МАСИРИ НАВИ РУШДИ МУНОСИБАТҲОИ БАЙНИДАВЛАТӢ. Сафари расмӣ бо натиҷаҳои арзишманд
Сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон бо роҳбари Маркази энергияи тозаи Созмони ҳамкории иқтисодӣ мулоқот намуд
Ҳамкории иқтисодию молиявии Тоҷикистону Амрико баррасӣ шуд
Сафири Тоҷикистон бо губернатори Маномаи Подшоҳии Баҳрайн мулоқот намуд
Дар шаҳри Масқат 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Дар Тошканд чорабинии тантанавӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистон баргузор шуд
Дар шаҳри Масқат намоишгоҳи фарҳангӣ ва сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд