Дар Хатлон корҳои омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон пеш аз муҳлат оғоз шуданд
ДУШАНБЕ, 16.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо назардошти шароити обу ҳаво ва вазъи иқтисодӣ дар соли равон зарур аст, ки омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон пеш аз муҳлат анҷом дода шавад. Дар ин бора дар ҷаласаи Ситоди омодасозии иншооти иҷтимоӣ — иқтисодии вилояти Хатлон ба давраи тирамоҳу зимистон оянда изҳор карда шуд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Зикр гардид, ки соли гузашта тамоми соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии вилоят ба мавсими тирамоҳу зимистон пурра омода буданд.
Муовини аввали раиси вилояти Хатлон Абдуалим Исмоилзода иброз намуд, ки мутобиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоӣ барои фаъолияти устувор дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020 — 2021» то имрӯз як зумра корҳо анҷом ёфтаанд.
«Тибқи нақша, бояд муассисоти тандурустӣ, маориф, фарҳанг ва соҳаҳои дигар бо назардошти паҳншавии коронавирус дар кишвари мо омода карда шаванд», — изҳор намуд ӯ.
Ба гуфтаи Абдуалим Исмоилзод, муассисаҳои тандурустӣ ва маориф бояд сари вақт маблағгузорӣ шаванд, дар мавзеъҳои кӯҳистонии минтақа нуқтаҳои фурӯши ангишт ва ҳезум ташкил ва ҷамъоварии маблағи нерӯи барқи истифодашуда таъмин карда шавад.
Илова бар ин, масъулин муваззаф шуданд, ки шароити нигоҳдории сабзавот ва захираҳои маҳсулоти ниёзи аввалияро то фарорасии сардиҳо фароҳам оваранд.
Муовини аввали раиси вилояти Хатлон зикр кард, ки ба масъалаҳои таъмири роҳҳо бояд таваҷҷуҳи хос дода шавад ва захираи кофии маводи зидди яхбандӣ ва хӯроки чорво ташкил гардад.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид
МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе оид ба нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ форуми байналмилалӣ баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд






