ФУТБОЛ. Дастаҳои «Равшан», «Панҷшер» ва «Исфара» бар ҳарифонашон ғолиб омаданд

Июль 20, 2020 09:30

ДУШАНБЕ, 20.07.2020. /АМИТ «Ховар»/. Бозиҳои даври чоруми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи аввал дар варзишгоҳҳои мамлакат бо шукӯҳу  шаҳомати  хосса баргузор шуданд. Дастаи футболи  «Равшан»-и  шаҳри Кӯлоб, ки дар даври чорум низ ғолиб омад, дар ҷадвали мусобиқа бо 12 имтиёз пешсафи ягона гардид. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар»  бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дастаи футболи  «Равшан» дар даври чорум дар меҳмонӣ бар дастаи «Шоҳмансур»-и шаҳри Душанбе бо ҳисоби  калон- 8:3 ғолиб омад. Дастаи футболи «Эсхата»-и Хуҷанд, ки дар сафар аз дастаи  «Панҷшер»-и Ҷалолиддини Балхӣ бо ҳисоби 2:4 шикаст хӯрд, бо 9 имтиёз мақоми дуюмро касб намудааст. Дастаи футболи «Исфара»-и шаҳри Исфара, ки дар майдони худ бар дастаи «Ҳосилот»-и Фархор бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд, бо 9 имтиёз дар ҷойи сеюм қарор дорад.

Дар бозиҳои дигари даври чорум дастаи футболи  «Моҳир»-и Ёвон дар меҳмонӣ дастаи «Ҳулбук»-и Восеъро бо ҳисоби 4:2, дастаи футболи «Ваҳдат»-и шаҳри Ваҳдат  дар майдони худ «Барқчӣ»-и Ҳисорро бо ҳисоби 3:2 ва дастаи  «Равшан»-и Зафаробод дар мизбонӣ  дастаи  «Саройкамар»-и Панҷро бо ҳисоби 2:0 мағлуб карданд.

Бозиҳои даври панҷуми мусобиқаи Лигаи аввали футболи Тоҷикистон 21-22 июл  баргузор мешаванд. Дар бозии марказӣ  дастаи футболи «Равшан»-и Кӯлоб дар майдони худ бо «Исфара» рақобат мекунад. Бозиҳои дигар миёни дастаҳои футболи «Барқчӣ» – «Шоҳмансур», «Эсхата» – «Равшан» (Зафаробод), «Моҳир» – «Ваҳдат» ва «Саройкамар» – «Ҳулбук» сурат мегирад.

Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум. Даври 4-ум

«Ҳулбук»– «Моҳир» – 2:4

Голҳо: Аваз Қамчинов, 7 (1:0). Баҳровар Ҳалимов, 13 (1:1). Дилшод Тағоев, 42 (1:2). Алишер Куганов, 81 (1:3). Аваз Қамчинов, 90+4 (2:3). Муродбек Юсупов, 90+5 (2:4).

«Ваҳдат» – «Барқчӣ»– 3:2

Голҳо: Умедҷон Азизов, 12 (1:0). Фаридун Нарзуллоев, 41 (2:0). Файзиддин Назаров, 57 (2:1). Файзиддин Назаров, 68 (2:2). Фирдавси Файззода, 87 – аз пеналтӣ (3:2).

«Панҷшер» – «Эсхата» – 4:2

Голҳо: Насимҷон Маматқулов, 3 (1:0). Хайриддин Турахонов, 17 (2:0). Ҷӯрабой Исоев, 52 (2:1). Боҳирҷон Сангинбоев, 75 (2:2). Шавкат Худойназаров, 88 (3:2). Маҳмуд Ғаюров, 90+3 (4:2).

«Равшан»  (Зафаробод) – «Саройкамар» – 2:0

Голҳо: Зиёвуддин Фузайлов, 44 (1:0). Парвизҷон Деҳқонов, 88 (2:0).

«Шоҳмансур» – «Равшан» (Кӯлоб) – 3:8

Голҳо: Амирҷони Фаррухзод, 4 (0:1). Сафаралӣ Каримов, 10 (0:2). Саидхони Амрохон, 13 (0:3). Шодӣ Муродов, 28 (0:4). Зиёдулло Одинаев, 38 (1:4). Саидхони Амрохон, 52 (1:5). Сафаралӣ Каримов, 59 (1:6). Фарҳод Тоҳиров, 67 (2:6). Амирҷони Фаррухзод, 72 (2:7). Абдураҳмон Нозимов, 80 (2:8). Фаридун Табаруков, 90+2 (3:8).

«Исфара» – «Ҳосилот» – 2:1

Голҳо: Фирдавс Мӯсоев, 1 (1:0). Муҳаммад Ёқубов, 13 – аз пеналтӣ (1:1). Фирдавс Мӯсоев, 26 (2:1).

Даври 5-ум

21 июл (сешанбе)

Оғози бозиҳо – соати 17:00

«Ҳосилот»– «Панҷшер»

«Барқчӣ» –«Шоҳмансур»

22 июл (чоршанбе)

Оғози бозиҳо – соати 17:00

«Эсхата»– «Равшан» (Зафаробод)

«Равшан» (Кӯлоб) – «Исфара»

«Моҳир» – «Ваҳдат»

«Саройкамар» – «Ҳулбук»

Июль 20, 2020 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

«ФУТБОЛ БА НАЗДИ ШУМО МЕОЯД». Дастаи кӯдакони ноҳияи Лахш соҳиби ҷойи аввал гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал дар доираи машқҳои таълимӣ ду бозии санҷишӣ доир кард
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) Аморати Муттаҳидаи Арабро мағлуб намуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар бозии дӯстона дастаи Арабистони Саудиро мағлуб намуд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал пеш аз Ҷоми Осиё-2026 се бозии санҷишӣ анҷом медиҳад
Таҷрибаи академияҳои маъруфи ҷиу-ҷитсуи ИМА барои рушди варзиш дар Тоҷикистон омӯхта мешавад
Дар Душанбе қуръакашии марҳилаи муқаддамотии Ҷоми ФФТ-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Дар Тоҷикистон Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор мегардад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба Ҷоми Осиё-2026 омодагӣ мегирад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо тимҳои Арабистони Саудӣ ва АМА бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Доварони Тоҷикистон ба рӯйхати доварони ФИФА барои соли 2026 дохил шуданд
«Cоро компания» ғолиби Суперлигаи футзали Тоҷикистон-2025 гардид