Германия ба Тоҷикистон мавод ва таҷҳизоти тиббӣ дастрас намуд
ДУШАНБЕ, 30.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади пешгирӣ ва мубориза бо коронавируси навъи нави COVID-19 Ҷумҳурии Федеративии Германия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мавод ва таҷҳизоти тиббӣ дастрас намуд, ки маблағи умумии он 1 миллион евроро дар бар мегирад. Дар ин бора аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ба АМИТ “Ховар” хабар доданд.
Мавод ва таҷҳизоти тиббии мазкур аз 16 номгӯй: воситаҳои муҳофизатии яккаратаи кормандон, маводи безараргардонӣ, термометрҳои фосилавӣ, дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ ва воситаҳои нобудсозии маводи истифодашуда иборат буда, он дар асоси таҳлили эҳтиёҷот ва таҳти дастури Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ тартиб дода шудааст.
Маводи тиббӣ ба Беморхонаи бемориҳои сироятии шаҳри Душанбе супорда шуда, дар маросими он муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода, Сафири Германия дар Тоҷикистон Андреас Протманн ва намояндаи маҳаллии Бонки Рушди Германия KfW Манучеҳр Бақоев иштирок намуданд.
Гуфта мешавад, ки таҷҳизот дар доираи маблағгузории гранти махсус аз ҷониби Вазорати федералии ҳамкории иқтисодӣ ва рушди Германия тавассути Бонки Рушди Германия — KfW дастрас шуда, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мубориза бо COVID-19 пешкаш шудааст.
11 адад дастгоҳи нафасдиҳии сунъии истеҳсоли ширкати Ҳамилтон (Швейтсария) бо маҷмӯи пурраи қисмҳои якдафъаина барои фаъолияти беист давоми 1 сол дар шароити сарбории пурра пешбинӣ шудааст. Ин таҷҳизот ба Маркази миллии тиббии «Шифобахш», Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои дил, беморхонаҳои марказии ноҳияҳои Данғара ва Ёвон дода мешаванд. Ин беморхонаҳо инчунин бо мақсади безараргардонӣ бо лампаҳои ултрабунафш таъмин мегарданд.
Ёдовар мешавем, ки Бонки Рушди Германия- KfW дар якҷоягӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барномаҳои ҳамкории молиявии Германия бо Тоҷикистонро аз соли 2003 дар самти назорати бемории сил, саломатии модару кӯдак ва ёрии таъҷилии тиббӣ, табобат ва пешгирии полиомиелит амалӣ мекунад.








Оид ба дурнамои дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Туркманистон конфронси байналмилалӣ доир гардид
Мавзеи Аксикони ноҳияи Ашт бо кӯли дорои лойи табиии шифобахш ва табиати нотакрор маъруф аст
Мактаб, оила ва ҷомеа — се неруе, ки бояд иттиҳоди ҳамешагӣ дошта бошанд
20 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ТОЗАГӢ. Маданияти шаҳрнишиниро риоя бояд кард!
Ҷавонони Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии ҷавонон-2026 дар Екатеринбург иштирок намуданд
Дар Душанбе «Стратегияи ҳифзи саломатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Табиби сол – 2026» ҷамъбаст гардид
Байни Агентии хизмати давлатии Тоҷикистон ва Вазорати идоракунии ҳайати Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
16 СЕНТЯБР — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КАРДИОЛОГИЯИ ИНТЕРВЕНСИОНӢ. Табобати бемориҳои дилу раг бо истифодаи ҷарроҳиҳои муосир ва бе буриши калон ба куллӣ тағйир ёфтааст
Тоҷикистон ва Британияи Кабир масъалаи таҳия ва имзои санади нави ҳамкориро дар самти пешгирии ҳолатҳои фавқулода баррасӣ карданд
Дар Душанбе роҳҳои нави ҳамкорӣ бо ҷамъиятҳои тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ баррасӣ гардиданд
Тоҷикистон ва Чин робитаҳои илмӣ-таҳлилӣ ва ҳамкории минтақавиро густариш медиҳанд






