Гулрӯ Ҷабборзода бо Антон Котяков мулоқоти мустақим анҷом дод

Июль 11, 2020 09:45

ДУШАНБЕ, 11.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз бо  мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар самти меҳнат, шуғли аҳолӣ ва ҳалли масъалаҳои марбут ба он  мулоқоти мустақими Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Гулрӯ Ҷабборзода бо Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Федератсияи Россия Антон Котяков  доир гардид. Дар ин бора аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Зимни мулоқот ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷониба ва дурнамои густариши ҳамкорӣ дар доираи  санадҳо, аз ҷумла «Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар қаламрави Федератсияи Россия», «Созишнома миёни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ», ки муқаррароти  онҳо ба тақвияти ҳамкорӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва танзими масъалаҳои бозори меҳнат равона гардидааст, баррасӣ гардиданд.

Ҷонибҳо дар ҷараёни  мулоқот роҷеъ ба таъсиси Гурӯҳӣ коршиносони муштарак баҳри  татбиқи босамари санадҳои ҳамкории амалкунанда ва ҳамзамон, таҳияи Нақшаи кории тарафҳо барои солҳои 2021-2022  мубодилаи афкор намуданд.

Баҳри ҳалли масоили ҷойдошта дар самти марбута мувофиқа шуд, ки масъалаҳои рӯзмарра дар соҳаи муҳоҷират, меҳнат ва шуғл мавриди баррасиву муҳокимаи коршиносони тарафҳо қарор дода шаванд.

Дар хотимаи ҷаласа ҷонибҳо барои таҳияи амалҳои муштарак дар самтҳои мавриди назар ба мувофиқа расиданд.

Июль 11, 2020 09:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид
МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе оид ба нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ форуми байналмилалӣ баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд